Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ: “Агар садама бо айби афсарони мо шудааст, ҷазо мегиранд” ВИДЕО


Акс аз шабакаи "Фейсбук" гирифта шудааст.
Акс аз шабакаи "Фейсбук" гирифта шудааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон садамаи худрави кормандони ин ниҳод дар Хоруғро, ки боис ба марги ду нафар шуд, расман шарҳ дод. Мақомот мегӯянд, агар садама бо айби афсарони нерӯҳои марзбонӣ сар зада бошад, “муҷозот хоҳанд шуд”.

Мақомоти нерӯҳои марзбонӣ мегӯянд, ба наздикони ду қурбонии садамаи рӯзи 1-уми декабр дар Хоруғ изҳори ҳамдардӣ мекунанд

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса ду афсари марзбонӣ муваққатан ба ҳабс гирифта шудаанд. Ба қавли манбаъ, ин ду афсар дар вақти рух додани садама дар дохили худрави “Тойота RAV-4” буданд.

“Онҳо то анҷоми тафтиш дар ҳабс мемонанд. Агар санҷиш маълум кунад, ки садама бо айби ду афсар рух додааст, аз рӯи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев.

Мақомоти нерӯҳои марзбонӣ мегӯянд, ба наздикони ду қурбонии садамаи рӯзи 1-уми декабр дар Хоруғ изҳори ҳамдардӣ мекунанд ва ба онҳо итминон медиҳанд, ки гунаҳкорони садама ҷазо хоҳанд гирифт.

Дар ҳодисаи шаби 1-уми декабр дар шаҳри Хоруғ, худрави "Toyota RAV-4"-и афсари Нерӯҳои марзбонӣ бо нақлиёти мусофиркаши "Тангем" бархӯрдааст. "Toyota RAV-4" ба Отряди сарҳадии Хоруғ мутааллиқ будааст. Ҳодиса дар маҳаллаи нерӯгоҳи "Помир-1" рух додааст.

Мақомоти вилояти Бадахшон ва ҳам Вазорати умури дохилӣ то ба ҳол қазияро расман шарҳ надодаанд.

Як манбаи мӯътамад дар мақомоти интизомӣ рӯзи 3-юми декабр хабари боздошти ин афсари Нерӯҳои марзбониро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ба қавли манбаъ, афсари Нерӯҳои марзбонӣ дар қисми низомии ин ниҳод дар шаҳри Хоруғ адои вазифа мекард. Мақомот мегӯянд, дар ин замина таҳқиқот шурӯъ шудааст ва сабабҳои аслии сар задани ҳодиса муайян карда мешавад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Бадахшон тасдиқ кард, ки дар ин ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ба қавли ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ин ду нафар ба дарё афтиданд, ки ҷасади як нафари онҳо пайдо шуда ва ҷустуҷӯи ҷасади як тани дигар идома дорад.

Боздошти афсари марзбон баъди садамаи маргбори канори Хоруғ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Яке аз қурбониён донишҷӯ будааст

Тибқи иттилои дарёфтӣ, яке аз ду қурбонии садамаи рӯзи 1-уми декабр донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ будааст. Ниёзалӣ Қамбаров, муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳалокати донишҷӯи ин муассиса дар садамаи нақлиётиро тасдиқ кард.

Ба қавли ҷаноби Қамбаров, ин донишҷӯ Гулистон Давлатбекова буда, дар курси чаҳоруми факултети биология таҳсил мекард. Давлатбекова сокини ҷамоати Бартанг буда, дар маҳаллаи нерӯгоҳи "Помир-1" дар манзили наздиконаш мезистааст.

Муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ афзуд, Гулистон Давлатбекова дар рӯзи ҳодиса ба ҷойи зисташ бармегашт, ки аз тарафи ноҳияи Шуғнон нақлиёт омада, ба мусофиркаши онҳо бархӯрд. "Ҷасади донишҷӯйро то ҳол наёфтаанд ва мардум ҷасади ӯро ҷустуҷӯ доранд",-гуфт муовини ректори Донишгоҳи Хоруғ.

Идомаи ҷустуҷӯи ҷасад

Мақомот мегӯянд, ронандаи мусофиркаши "Тангем" дар беморхона бистарӣ мебошад. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ҷасади яке аз ҳалокшудаҳо аз дарё пайдо шуда, корҳои ҷустуҷӯи барои пайдо кардани ҷасади дуввум идома дорад. Хонум Юсупова афзуд, бо сабаби дар назди нерӯгоҳ рух додани садама, ба зудӣ пайдо кардан ҷасад ғайриимкон аст.

Зимнан, дар Идораи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Бадахшон рӯзи 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ба ҳол танҳо ҷасади Робия Нангардодоваро пайдо кардаанд. Нангардодова 42 сол дошта, сокини шаҳри Хоруғ будааст. Ба гуфтаи манбаъ, барои пайдо кардани ҷасади Гулистон Давлатбековаи 21-сола корҳои ҷустуҷӯи давом дорад. Мақомот мегӯянд, пагоҳ 4-уми декабр нақша доранд оби нерӯгоҳро баста, ҷасади Давлатбековаро пайдо кунанд.

Намое аз шаҳри Хоруғ -- маркази Бадахшон.
Намое аз шаҳри Хоруғ -- маркази Бадахшон.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Фергана" навиштааст, баъд аз рух додани ҳодиса, як гурӯҳ сокинони Хоруғ афсари Нерӯҳои марзбониро боздошт карда, хостанд ӯро худсарона муҳокима кунанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, пулис ба ин кори онҳо монеъ шуд.

Хоруғ пас аз интиқоди президент

Зимнан дар шаҳри Хоруғ аз ду моҳ ба ин тараф Ситоди байниидоравии таъмини амният фаъолият дорад ва дар шаҳр низ постгоҳҳои пулис кор мебаранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф ин кор таъмини волоияти қонун дар маркази вилояти Бадахшон мебошад.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун шаш дидбонгоҳи пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд".

Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG