Бачаи бабре, ки чанд рӯз пеш ногаҳон дар кӯчаҳои серодами шаҳри Шимлуи Ҳиндустон пайдо шуд, сокинони маҳаллиро ба даҳшат овард, вале аз онҳо дида ин ҷонвари нодир бештар ваҳшатзада шуд. Ҳангоми фирор аз маҳалли серодам зери як мошине дар майдони канори додгоҳи шаҳр барои худ паноҳгоҳ интихоб кард.
Эҳтимолан, бачаи бабр дар ҷустуҷӯи модараш ба шаҳр ворид шуд. Шаҳри Шимлу замоне пойтахти тобистонаи мустамликадорони Бритониёи Кабир ва бешазорҳояш макони зисти бабру дигар ҷонварҳои нодир буд.
Мақомот баъди муддате ҷангалбонҳои мамнуъгоҳи маҳаллиро даъват карданд ва мутахассисон бабрбачаро аз зери мошин берун оварда ва дасти байторон супурданд. Феълан ин гурбаи ваҳширо пушти панҷара дар макони амн ва таҳти назорат қарор додаанд.