Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интихоботи Гурҷистон одилона, аммо Зурабишвилӣ мавриди алоқаи мақомот буд"


Саломе Зурабишвилӣ
Саломе Зурабишвилӣ

Даври дуюми интихоботи президентии Гурҷистон пуррақобат буд ва ҳарду номзад тавонистон маъракаи худро озодона ба роҳ монанд. Аммо яке аз номзадҳо бартарии бештар дошт ва табиати манфии маърака аз ҳарду тараф ба раванди интихобот таъсир гузошт. Ин аст хулосаи гузориши ибтдоии нозирони Идораи равандҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо.

Дар гузориш гуфта нашудааст, ки мақомот ба кадом номзад алоқамандии бештар нишон доданд ва ба ӯ "бартарии аз ҳад беш" доданд, аммо ба эҳтимоли қавӣ сухан аз боби Саламе Зурабишвилӣ аст, ки ҳизби ҳокими "Орзӯи гурҷӣ" аз ӯ пуштибонӣ мекард.

Бар поияи натиҷаҳои аввалияи интихобот, дар овоздиҳии рӯзи чоршанбе маҳз Зурабишвилӣ пирӯз шуд .Ӯ аз рақиби худ Григол Вашадзе бо дастикам 20 дарсади райъҳо пеш гузашт.

Саламе Зурабишвилӣ гуфт, ки пирӯзӣ дар интихобот "пирӯзии Аврпуо" аст ва ҳамзамон афзӯд, ӯ аввалин занест, ки раҳбари давлати Гурҷистон интихоб шудааст. Вашадзе, ки тарафдорони президенти пешин Михайил Саакашвилӣ аз ӯ пуштибонӣ мекарданд, мақомотро ба тақаллуб ва фишор ба овоздиҳандаҳо муттаҳам кард. Ба гуфти ӯ, ҳизби "Орзӯи гурҷӣ" ба хотири пирӯзӣ бо олами ҷиноӣ созиш кард. Тарафдорони Вашадзе мехоҳанд, ки бегоҳи панҷшанбе намоиши эътирозӣ баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG