Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтури рус дар марги тифли шаҳрванди Узбекистон айбдор шуд


Елена Белая дар толори додгоҳ, 16 ноябри соли 2018
Елена Белая дар толори додгоҳ, 16 ноябри соли 2018

Додгоҳи шаҳри Калинингради Русия Елена Белая, сардухтури таваллудхонаро ба ҳабси хонагӣ фиристод. Ӯ дар марги тифли навзоди шаҳрванди Узбекистон айбдор мешавад.

Гуфта мешавад, 5 ноябри соли ҷорӣ шаҳрванди ҳомиладори Узбекистон дар ҳолати вазнин ба таваллудхона интиқол ёфт. Тифли навзоди ин зан ба сахтӣ нафас мекашид. Тафтишот мегӯяд, дар сурати кумки сари вақтӣ мумкин буд, навзод зинда монад.

Ба иттилои тафтишот, Елена Белая дастур додааст, ки ба навзод доруи "Куросурф" надиҳанд, ки як донаи он 20 ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 2800 сомонӣ - арзиш дорад. Мақомоти тафтишотии вилояти Калинингради Русия мегӯянд, "сардухтур ба табибон дастур додааст, ки барои зинда намондани тифл тамоми чораҳоро андешанд".

Ҳангоми тафтишот Елена Белая гуфт, "доруи "Куросурф" арзиши гарон дорад". Яке аз кормандони таваллудхона мегӯяд, сарфи назар аз дастури сардухтур, ӯ ба тифли навзод доруи "Куросурф" дод, аммо дору натавонист, тифлро наҷот диҳад. Баъдтар Белая ба зердастонаш дастур дод, дар ҳуҷҷатҳо нависанд, ки тифл мурда ба дунё омада буд.

Бар зидди сардухтури ҳамакнун пешини таваллудхона бо моддаи "берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ" парванда бозшудааст. То анҷоми тафтишот Елена Белая дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG