Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон гуфт, размоиши низомияш зидди ҳамсояҳо нест


Узбекистон бо ирсоли як нота ё худ ёддошт Қирғизистонро огаҳ кардааст, ки омодагии ҷангии артиши худро хоҳад санҷид. Дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ки нотаи ҳамтоёни узбеки худро 25 ноябр дарёфт карданд.

Дар ёддошт омадааст, Тошканд 26 ноябр тамрини низомиеро баргузор хоҳад кард, ки ҳадафи он баҳо додан ба омодагии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон аст.

Муаллифони нота гуфтаанд, размоиш дар асоси уҳдадориҳое гузаронида хоҳад шуд, ки Узбекистон дар робита ба ҳамсояҳои худ бар зимма дорад ва ин тамрин зидди манфиатҳои ягон ҳамсоякишвар равона нашудааст.

XS
SM
MD
LG