Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Саудӣ барои коҳиши нархи нафт қадрдонӣ кард


Президенти ИМА Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ барои поин рафтани арзиши нафт миннатдорӣ баён кард. Ӯ дар "Твиттер"-и худ коҳиши арзиши нафтро бо кам шудани андозҳо муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, бо шарофати Риёз нархи як бушка нафт аз 82 то ба 54 доллар арзон шуд.

20 ноябр арзиши як бушка нафти Brent то ба 62,5 ва нафти WTI то ба 53,5 доллари амрикоӣ поин омад. Худи он рӯз Трамп бо вуҷуди он, ки ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ мақомоти Саудиро дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мекунанд, алоқамандии худро барои ҳифзи муносибатҳои хуб бо Риёз баён дошт.

Президенти ИМА ваъда дод, ки таҳрим эълом нахоҳад кард. Ӯ гуфт, қарори манъи ҳамкориҳои низомӣ бо шоҳигарӣ барои Русия ва Чин "туҳфа" мешуд. Ибтидои моҳи октябр нархи як бушка нафти Brent 82 ва нафти WTI 73 доллар шуда буд. Вале тайи якуним моҳи ахир арзиши ҳар ду 25% поин рафт.

Нархи нафт дар пасманзари коҳиши назарраси бозори саҳом поин омад. Бузургтарин ширкатҳои технологии амрикоӣ, аз ҷумла Facebook, Apple, Amazon, Netflix ва Google вақтҳои ахир ҷамъан як триллион доллар зарар диданд.

Тайи як соли ахир нархи ҷаҳонии нафт ба далели ҳарос аз таҳримҳои ИМА зидди Эрон ва қарордоди кишварҳои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи он боло рафта буд.

XS
SM
MD
LG