Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Сукерберг аз идораи Фейсбук дар шароти "ҷанг" хабар дод


Марк Сукрберг
Марк Сукрберг

Бунёдгузори Фейсбук Марк Сукрберг гуфт, ки маҷбур аст ширкатро дар шароити "ҷанг" идора кунад. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манбаи наздик ба гуфтаҳои Сукерберг хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ширкат таҳти ҳамлаи Конгрес, сармоягузорон ва корбарон қарор дорад. Бинобар ин, гуфтааст бунёдгузори шабака, мудирони аршад бояд ба масъалаҳои мисли амнияти шабака ва коҳиши корбарон ба таври сареъ вокуниш кунанд.

Ба гуфтаи The Wall Street Journal, таъғири шеваҳо Сукрбергро маҷбур кард аз чанд мудири калидӣ, ки бо мавқеи ӯ розӣ набуданд даст кашад. Норозигии онҳо бар сари замимаи нашри аксҳо ва маълумоти корбарон буд.

Нашрия аз афзоиши таниш дар байни Сукрберг бо мудири аслии иҷроия Шэрил Стенберг хабар дод. Бунёдгузори Фейсбук Стенберг ва бахши таҳти назорати ӯро ба бурузи ҷанҷоли Cambridge Analytica муттаҳам кард, ки бо нақзи тартиботи шабака дар бораи миллионҳо корбар маълумот ҷамъ кард.

Ҳафтаи гузашта нашрияи The New York Times гуфт, ки соли гузашта Фейсбук ба як ширкати таблиғотӣ барои бадном кардани мунаққидонаш фармоиш дода буд. Ба маълумоти WSJ, Сукерберг масъулияти ин иштибоҳро бар дӯши башхи робита бо ҷомеа гузошт. Шэрил Стенбер рӯзи ҷумъа масъулияти вазъи феълиро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG