Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирпарронии Қирғизистон ду нафар захм бардошт


акси тасвирӣ
акси тасвирӣ

Ду маҷруҳи тирпарронӣ дар шаҳри Қара-Балтаи Қирғизистон - як милиса ва як гумонбари ҷиноят - дар бемористон бистарӣ шуданд.

Назира Имонғозиева, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Чуй гуфт, ҳодиса субҳи рӯзи 18 ноябр рух додааст. Ба иттилои мақомот, гумонбар сӯи кормандони пулис тир кушодааст. Дар натиҷа як корманди отряди махсуси "Шумқор" ҷароҳат бардошт. Дар рафти боздошт гумонбар ҳам маҷруҳ шуд.

"Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Парванда бо моддаи ҳамла ба корманди мақомоти ҳифзи тартибот баррасӣ мешавад", - гуфт Имонғозиева.

Маҷруҳон дар бемористони вилояти Чуй бистарӣ шуданд. Баъдтар яке аз онҳо ба Бишкек интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG