Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон бемории сартосарии уштурон мушоҳида мешавад


Дар вилояти Балкани Туркманистон бемории сартосарии уштурон мушоҳида мешавад. Дар робита ба ин мақомот ба таври шифоҳӣ истеъмол ва фурӯши гӯшти уштурро манъ карданд. Бахши Туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 31 октябр аз қавли як сокини маҳаллӣ Амонмурод Бугаев навишт:

"Бемории уштурон дар ноҳияи Этреки наздики марзи Туркманистон бо Эрон мушоҳида шуд. Сокинон мегӯянд, уштурон ба замин хобида дигар намехезанд. Табибони ҳайвонот гуфтанд, уштурон ба беморӣ гирифтор шудаанд".

Ба гуфтаи Бугаев, уштурони бемор дар алоҳидагӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Бемории уштурон сокинони маҳаллиро нигарон кардааст. Аммо барои наҷоти ҳайвонҳо то кунун аз сӯи мақомот чораандешӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG