Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеш аз мулоқот бо Путин - Болтон бо Шойгу дидор кард


Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон пеш аз мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин бо вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу мулоқот кард. Ҳадафи аслии музокироти Болтон бо мақомоти баландпояи Русия дар Маскав аз дирӯз ба ин сӯ - баррасии тасмими ИМА оиди хориҷ шудан аз созиши таслеҳотӣ бо Русия мебошад. Қарор аст шоми имрӯз мулоқот Болтон бо президенти Русия Владимир Путин ҳам баргузор шавад.

Болтон гуфт, ки дар ҷараёни сӯҳбатҳои дирӯзааш бо ҳамтои русаш Николай Патрушев ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров – нақшаҳои Амрико барои берун шудан аз созиши соли 1987-и Амрикову Иттиҳоди Шӯравӣ барои нобуд кардани мушакҳои миёна ва дурпарвоз будааст. Дар як мусоҳибааш баъди ин дидору гуфтугӯҳо Болтон гуфт, ки ИМА бо сабаби аз ҷониби Русия нақз шудани созишнома ва ҳам бо ин далел, ки кишварҳои дигари мисли Чин, Эрон ва Кореяи Шимолӣ дар истеҳсоли аслиҳа дасти боз доранд, аз созишномаи 30 соли пеш хориҷ мешавад.

Созишномае, ки он замон аз ҷониби президентони СССР ва Амрико - Михаил Горбачев ва Роналд Рейган имзо шуд, таъмин, истеҳсол ва мустақар кардани мушакҳои баллистикӣ ва ҳам мушакҳои болдорро, ки тавони расидан ба ҳадафи воқеъ дар масофаи 500 то 5,500 км мебошанд, манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG