Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари овозхон Сироҷиддин Фозилов даргузашт. ВИДЕО


Саҳнае аз клипи оҳанги "Модари ҷон"-и Сироҷиддин Фозиловю Tamoshow, Youtube

Рӯзи 17 октябр модари овозхони тоҷик Сироҷиддин Фозилов даргузашт. Шарофат Аминова 77 сол дошт ва модари 8 фарзанд буд. Ба қавли як бародарзодаи овозхон, модари Сироҷиддин Фозилов давоми чандин соли охир бемори рӯи ҷогаҳ буд ва пайваста зери назари табибон қарор дошт. Маросими ҷанозаи модари Сироҷиддин Фозилов рӯзи 18 октябр дар деҳаи Солеҳони шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Сироҷиддин Фозилов, ки фарзанди хурдии модар аст, соли 2016 клипи мусиқиро таҳти унвони “Модари ҷон” сабт кард, ки дар он саҳнаи кӯмаки писар ба модари бемори савори аробача тасвир мешавад. Бародарзодаи Сироҷиддин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сабти ин клипи мусиқӣ овозхон ҳамроҳ бо модараш иштирок кардааст.

Ин оҳанг яке аз таронаҳои хотирмон ва муваффақи ҳунарманд ба шумор меравад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону наздикони овозхон дар робита бо даргузашти модар ба Сироҷиддин Фозилов изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

"Юриш"-и хиҷолатовар дар Фестивали ош
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:59 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG