Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итолиё хатми таҳрими ширкатҳои хурди тиҷоратии Русияро пешниҳод карданист


Ҷузеппе Конте
Ҷузеппе Конте

Қарор аст Итолиё бозбинӣ кардани қарори манъи маблағгузории ширкатҳои хурди тиҷоратӣ дар Русияро ба баррасии Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кунад. Ин қарор бояд дар нишасти сарони кишварҳои узви ИА баррасӣ мешавад.

Нахуствазири Итолиё Ҷузеппе Конте ишора кард, ки дар мулоқоти рӯзи 18 октябр бо раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии бозсохт ва рушд машварат медиҳад, ки маблағгузории ширкатҳои хурду миёнаи русиро ба ҳолати то соли 2014 баргардонанд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ, ки ба шарти ифшо нашудани номашон сӯҳбат мекарданд, гуфтанд, агар ҳам ин пешниҳод дар ҷаласаи ҳафтаи ҷорӣ қабул нашавад, дар ниҳоят амр моҳи декабр, замони овоздиҳӣ барои тамдиди таҳримҳои Аврупо болои Русия қабул шавад.

Соли 2014, баъди он ки Русия аз ҷудоихоҳони украинӣ тарафдорӣ ва нимҷазираи Қримро тасарруф кард, ИА Русияро таҳрим кард ва баъди он ин таҳримҳоро пайваста тамдид кардааст. Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИА моҳи декабр бояд, ки қарори тамдиди таҳримҳо барои ним соли дигар баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG