Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон минтақаҳои "Tourist friendly" таъсис мешавад


Дар Узбекистон минтақаҳои махсуси "Tourist friendly" ё хушоянд ба сайёҳон таъсис мешавад, ки дар онҳо фаъолияти муаассисаҳои дилхушӣ ва ғизохӯрӣ шабона маҳдуд намегардад.

Ба раиси Шӯрои вазирони Қароқалпоқистон ва роҳбарони вилоятҳо иҷозат дода мешавад, дар шаҳри Нуқус, маркази вилоятҳо ва дигар маконҳои барои сайёҳон ҷолиб минтақаҳои махсусро мушаххас кунанд. Дар чунин минтақаҳо фаъолияти муассисаҳои дилхушию фароғатӣ ва нуқтаҳои ғизохӯрӣ ба таври шабонарӯзӣ иҷозат дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ бояд минтақаҳои мазкурро таҳти назорат гиранд ва амнияти онҳоро таъмин намоянд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон тарабхонаҳо ва дигар маконҳои дилхушӣ баъд аз соати 23:00 баста мешаванд. Мақомоти Узбекистон охири моҳи август тасмим гирифтанд, ки фурӯши машруботро баъди соати 21:00 манъ кунанд.

XS
SM
MD
LG