Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиби порлумони Латвия сахт тағйир ёфт


Ҳизби “Ҳамсозӣ” дар Латвия, ки аҳзоби дӯст бо Русия ба шумор меравад, дар интихоботи порлумонӣ раъйи бештари мардумро ба даст овардааст.

Бар асоси натиҷаҳои ниҳоии интихобот, “Ҳамсозӣ”, ки аксаран мардуми русзабони Латвия тарафдори он ҳастанд, тақрибан 20 дар сади раъйи аҳолиро соҳиб шудааст.

Ду ҳизби шӯҳратталаб, ки аз шарикони эҳтимолии “Ҳамсозӣ” ба ҳисоб мераванд, мутаносибан 14 ва 13 дар сади раъйи мардумро аз они худ кардаанд. Ҳеҷ яке аз ин ҳизбҳо ба эътилофи аҳзоби ҳоким дар Латвия шомил намешаванд.

Се ҳизби эътилоф, ки тарафдори Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳастанд, ҳамроҳ 30 дар сади орои мардумро ба даст овардаанд. Дар интихобот андаке бештар аз 50 дар сади мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй ширкат кардаанд. Бо назардошти тағйири ҷиддӣ дар таркиби порлумон мумкин аст, таъсиси ҳукумат дар Латвия ба осонӣ ва зуд сурат нагирад.

XS
SM
MD
LG