Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хонандаи синфи 11-умро бо корд захмӣ кардаанд


Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе як сокини 17-солаи пойтахтро бо гумони захмӣ кардани навраси дигар дастгир кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки ҳодиса рӯзи 4-уми октябр рух дод.

Ҷабрдида сокини ҷамоати Чимтепапи ноҳияи Рӯдакӣ буда, аз ӯ ном бурда намешавад. Падараш ба маъмурони милиса гуфтааст, ки “Дилшод” ном шахс “аз ҳиссиёти авбошӣ бо писари ноболиғи ӯ ҷанҷол карда, бо олоти халандаю буранда ба рони чапи пояш задааст.”

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - гуфтанд дар идораи умури дохилӣ.

Маъмурони милиса мегӯянд, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як хонандаи синфи 11-ум, сокини 17-солаи кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Тақрибан дар як соли охир беш аз 10 ҳазор ноболиғ ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задааст, ки беш аз 6 ҳазор нафари онҳо хонандаи мактабҳои пойтахтанд.

Зимни як мулоқот бо омӯзгорону раҳбарони мактабҳо, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал Шариф Назарзода низ аз ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон, ки аксарияташ мактабхон будаанд, нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG