Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Бишкек пешниҳод шуд, "Air Kyrgyzstan"-ро ба чиниҳо фурӯшад


Вакили порлумони Қирғизистон Одил Юнус уулу пешниҳод кард, ки ширкати миллии ҳавопаймоии "Air Kyrgyzstan"-и ин кишвар ба сармоягузорони чинӣ фурӯхта шавад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои чинӣ ба харидории "Air Kyrgyzstan" алоқаманданд.

"Air Kyrgyzstan ягон ҳавопаймои хуб надорад. То ҷое медонам, ширкатҳои чинӣ ба харидории он алоқаманданд. Шояд ба онҳо фурӯшем? Баъзе аз иттилоъ аст, ки дар сурати фурӯхта шудани ширкат онҳо омодаанд, тайи 3-5 сол 12 ҳавопаймои нав биоранд. Дар соли 2012 Air Kyrgyzstan 35 миллион сом даромад овардааст, ки баробар ба фоидаи як тарабхона ё корхона аст. Барои Air Kyrgyzstan ин шармандагӣ аст", - изҳор дошт вакил дар ҷаласаи кумитаи нақлиёт, коммуникатсия ва сохтмони порлумони Қирғизистон рӯзи 2-юми октябр.

Вазири нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон Ҷамшедбек Калилов низ алоқамандии сармоягузорони чиниро барои харидории "Air Kyrgyzstan" тасдиқ кард.

Парки ҳавопаймоии "Air Kyrgyzstan" як ҳавопаймо дорад. Бештари вақт он дар таъмир буда, парвозҳо ба таъхир андохта мешаванд. Ширкат низ ба иллати буҳрони молӣ тавони пардохти маоши кормандонро надорад ва бинобар ин, маҷбур шуд, шумори онҳоро коҳиш диҳад.

Пештар хабар доданд, ки Қирғизистон 49 дар сади саҳмияҳои ширкати миллии ҳавопаймоии худро фурӯхтанист. Вале Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон гуфт, қонунгузории ин кишвар фурӯши ширкати ҳавопаймоиро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG