Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати хориҷӣ ба Қазоқистон $1,1 миллиард ҷубронпулӣ медиҳад


Корхонаи коркарди нафт дар Қазоқистон
Корхонаи коркарди нафт дар Қазоқистон

Остона мегӯяд, бо иттиҳодияи "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" (КПО) созишномаи муқаддамотиеро имзо кард, ки пардохти 1,1 миллиард доллар ҷубронро ба ҳукумати Қазоқистон замонат медиҳад.

Дар байни Қазоқистон ва "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" дар робита ба тақсими даромадҳо суитафоҳум ба миён омад ва Остона аз рӯи иттиҳодия ба додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ шикоят бурд.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон 1 октябр гуфт, ҷонибҳо дар рафти гуфтугӯҳо роҳи судманду дӯстонаи ҳалли баҳсро пайдо карданд.

Ба гуфтаи вазири энергетикаи Қазоқистон Канат Бозумбоев, дар ҳоли ҳозир, дар робита ба усули асосии ҳалли баҳс ҷонибҳо ба созиш расидаанд ва интизор меравад, созишномаи ниҳоӣ то охири соли равон ба имзо бирасад.

Кони гази Карачаганак дар ҷанубу ғарби Қазоқистон ҷойгир аст. Ба истихроҷи он иттиҳодияи "Карачаганак Петролиум Оперейтинг" машғул аст, ки ба ҳайати он ширкатҳои "British Gas Group", "Eni", "Шеврон", "Лукойл" ва "КазМунайГаз" шомил мешаванд.

XS
SM
MD
LG