Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, шоми 27-уми сентябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯ рӯзи 28-уми сентябр дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе иштирок мекунад.
Хадамоти матбуоти президенти Русия мегӯяд, барномаи сафари кории Путин аз хӯроки шоми раҳбарони кишварҳои узви ИДМ шуруъ мешавад. Ба иттилои манбаъ, раҳбарони кишварҳо дар ин мулоқоти ғайрирасмӣ бисёре аз масъалаҳо, аз ҷумла масоили ҳассосро баррасӣ хоҳанд кард.
Қарор аст, Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков мулоқоти як ба як баргузор кунад.
Дар вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ 16 масъала баррасӣ мешавад. Муҳимтарини онҳо ин қабули “Барномаи байнидавлатии муборизаи якҷоя бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023” ва “Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ” аст.
Дар вохӯрии рӯзи 28-уми сентябр Тоҷикистон бояд раисии даврагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки як сол давом мекунад, ба Туркманистон супорад. Аммо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки қарор буд раёсати даврагиро аз Тоҷикистон қабул кунад, ба Душанбе намеояд.
Нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" ахиран навишт, ки Бердимуҳаммедовро дар ин нишаст Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистон иваз мекунад.