Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе масъалаи паноҳҷӯёни тоҷикро бо Лаҳистон баррасӣ кард


Истгоҳи роҳи оҳани Брести Ҷумҳурии Белорус, ки паноҳҷӯён аз онҷо ба Лаҳистон мегузаранд
Истгоҳи роҳи оҳани Брести Ҷумҳурии Белорус, ки паноҳҷӯён аз онҷо ба Лаҳистон мегузаранд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи ташхиси ҳуввияти паноҳҷӯёни тоҷик ва шаҳрвандони кишварҳои дигареро, ки худро тоҷик муаррифӣ мекунанд, бо мақомоти Лаҳистон баррасӣ кардаанд.

Вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки рӯзи 19-уми сентябр муовини вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода бо ҳайати низомиёни лаҳистонӣ, Анджей Якубашек, директори Раёсати кор бо хориҷиёни

Хадамоти марзбонии Лаҳистон, Изабелла Валчак – мушовири Раёсати мазкур ва Эдита Скибинска - сармутахассиси бахши мушаххасозии ҳуввияти паноҳҷӯёни Раёсати Аврупо ва Осиёи Марказии Хадамоти марзбонии Лаҳистон мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи вазорат, зимни вохӯрӣ “ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи барқарорсозии механизмҳои муайянкунии шаҳрвандони хориҷие, ки худро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, расмиёти баргардонидани чунин шахсон ба кишвари иқомат ва пурзӯр намудани иқтидори хадамоти муҳоҷират ва сарҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гуфтаи вазорат, дар нишаст гуфтанд, ки “дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон як қатор созишнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд аст, ки ҷиҳати рушду нумӯъ ёфтани муносибатҳои муфиди Хадамоти марзбонии Лаҳистон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.”

Дар Лаҳистон садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ гирифтаанд. Танҳо соли 2016-ум 830 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳукумати Лаҳистон ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардаанд ва гуфтаанд, ки дар кишвар таъқиб мешаванд ва аз ин рӯ мехоҳанд, ба онҳо паноҳ бидиҳад.

XS
SM
MD
LG