Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се соли зиндон – барои "се талоқ"-и исломӣ. ВИДЕО


Ҳукумати Ҳиндустон “се талоқ”-и исломиро ба амали ҷиноӣ баробар кард. Бар пояи ин ҳукм, ки рӯзи 19-уми сентябр содир шуд, масъулони "се талоқ" то се сол аз озодӣ маҳрум мешаванд.

Оё ҳукумат ба мо кумак мерасонад ва ё ҷуброне пешниҳод мекунад? Агар ҳукумат мухолифати моро ба назар гирифта, моро дастгирӣ кунад, аз қабули ин санад қадрдонӣ мекунем

Моҳи августи соли 2017 Додгоҳи олии Ҳиндустон эълон кард, ки “се талоқ” ҳуқуқи конститутсионии занонро поймол мекунад. Амр баъд аз он содир шуд, ки се кӯшиши ҳукумат барои манъи се талоқ аз тарафи вакилони мардумии ин кишвар ва бахусус дар палатаи болоии порлумон дастгирии кофӣ пайдо накард.

Равӣ Шанкар Прасад, вазири адлияи Ҳиндустон, гуфт, “сарфи назар аз ҳукми Додгоҳи олӣ “се талоқ” тасвиб нашудааст. Палатаи поёнии порлумон ин санадро тасвиб кард, аммо палатаи болоӣ ҳанӯз ҳам ин ташаббусро арзёбӣ дорад.”

Шуморе аз ҷунбиши мусулмонони Ҳиндустон аз ин иқдоми ҳукумат нороҳатанд. Асадуддин Увайсӣ, намояндаи Иттиҳоди мусулмонон гуфт, "дар ислом издивоҷ паймони шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Агар шумо онро бо ҷиноят баробар кунед, ғайри қобили қабул мешавад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳукумати Ҳиндустон мехоҳад барои "се талоқ" муҷозот кунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Аммо Фарҷона Бегум, ки чанде пеш тавассути "се талоқ" аз оила маҳрум шудааст, манъи ин амали исломиро дастгирӣ мекунад.

“Хеле хуб аст, ки ин санад дар ҳолати тасдиқшавӣ аст. Вале дар бораи иқдомҳои ҳукумат иттилоъ надорем: Оё ҳукумат ба мо кумак мерасонад ва ё ҷуброне пешниҳод мекунад? Агар ҳукумат мухолифати моро ба назар гирифта, моро дастгирӣ кунад, аз қабули ин санад қадрдонӣ мекунем”, - афзуд ӯ.

Пас аз судури амри ҳукумат танҳо имзои президенти Ҳиндустон барои муҷозоти "се талоқ" кофӣ хоҳад буд.

Аз миёни як миллиарду 300 миллион аҳолии Ҳиндустон 14 дар сад мусулмон ва 80 дар сад пайрави дини ҳинду ҳастанд. Зоҳиран ҳизби Бҳарата Ҷанатаи сарвазир Нарендра Моди саъй дорад, бо ин иқдом пуштибонии занони мусулмонро аз ин гурӯҳи сиёсӣ афзоиш диҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG