Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Келин магар каниз аст? ВИДЕО


Баъзе аз арӯсҳо дар Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки гӯиё хушдоманҳо ҳаёти онҳоро ба “дӯзах” табдил додаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз як келини собиқ, аз як хушдоман ва занони дигар пурсид, ки арӯс бояд фақат хидмат кунад, ё узви комилҳуқуқи хонавода бошад?

Аз соати панҷи саҳар – дар хидмат

Баъзан занон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушкили равобити печида бо хонаводаи ҳамсар, бахусус, хушдоманро матраҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, гоҳе хушдоманҳо боис мешаванд, ки зиндагии арӯс ғайри қобили таҳаммул гардад. Ва тамоми ин ҷараёни мушкилотро, ки як арӯс дар хонаводаи шавҳараш таҷруба мекунад, “келинизатсия” меноманд.

Бино ба омори Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, имрӯзҳо ҳар никоҳи севум дар кишвар бо талоқ анҷом меёбад.

Зебо зодаи шаҳри Хуҷанд аст ва ду сол боз дар пойтахт зиндагӣ мекунад. Ӯ яке аз онҳоест, ки марҳилаҳои “келинизатсия”-ро паси сар кардааст ва розӣ шуд, ки дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад.

“Марҳилаи аввал аз як то се сол давом мекунад. Замоне, ки ба истилоҳ хушдоман ором мешавад ва ба ҳар як кори арӯс эрод намегирад. Ту бояд ҳамеша ба хидмат омода бошӣ. Дар кошонаи ҳусн кор мекардам ва муштариён низ дар ин бора зиёд мегуфтанд. Худам тавонистам, ки се сол бо хушдоман зиндагӣ кунам. Баъдан бо шавҳарам хонаи дигар ёфтем ва аз оилаи хушдоманам ҷудо шудем. Бародари калонии шавҳарам ду зан дошт ва ҳардуи онҳо ба хашми хушдоман тоб наоварда, аз хона фирор карданд”,-нақл кард ӯ.

Ба қавли Зебо, дар чунин хонаводаҳо хушдоман “дикта” мекунад, ки арӯс кай аз хоб хезад, дар куҷо ва бо кӣ кор кунад ва кай ҳамроҳи шавҳараш ба кӯча барояд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бар асоси “анъана” маҷбур буд, ҳар субҳ соати панҷ аз хоб хезад, хонаро рӯбад субҳона омода намояд. Инчунин, пеш аз кор рафтан худро ба тартиб дарорад. Бегоҳӣ, баъди кор, ин амалҳо бори дигар такрор мешаванд.

Келин магар каниз аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Ё одат мекунӣ, ё талоқ мегирӣ

“Зиндагӣ таҳти идораи хушдоманам мегузашт ва ҳар нофармонӣ ба унвони “ҷинояти сангин” арзёбӣ мешуд. Гуноҳе, ки метавонист бо талоқ тамом шавад”, - нақл кард Зебо.

Бархе аз заноне ки ҳамсӯҳбат шудем, мегӯянд, марҳилаи муҳими “келинизатсия” таваллуди фарзанди нахустин аст. Агар фарзанди нахустин писар шавад, хушдоманҳо ба унвони модари вориси хонавода бо арӯс муносибати хуб ба роҳ хоҳанд монд.

“Агар муддати тӯлонӣ фарзанд ба дунё наомад, баҳонае барои ташвиши хонавода ва азияти ҳаррӯзаи келин хоҳад шуд. Аҳли оила интизор мешаванд, ки келини нав кай таваллуд хоҳад кард. Вақте кӯдак ҳаст, ӯро бо талоқ тарс додан осон аст. Ба модари ҷавон ҳамеша гӯшзад мекунанд, ки бо кӯдаки дастат ба кӣ даркор ҳастӣ?” - мегӯяд Зебо.

Баъзан мардон мухолифи чунин рафтор бо ҳамсари худ ҳастанд. Аммо ба хотири онки бо волидони худ зери як сақф ҳастанд ва аз онҳо вобастагии молӣ доранд, коре аз дасташон намеояд. Бар илова, ақидаи иҷтимоӣ тарафи хушдоман аст. Мавқеи бузургсолони маҳаллаҳо низ тарафи хушдоман аст, ки арӯс бояд дар тобеият бошад. “Дедовшина” ё меҳтарсолорӣ дар сатҳи хонавода...

Халос намешавад..

Агар фикр кунед, ки бо кӯч бастан ба хонаи дигар ё дур рафтан аз назди хушдоман халос шудед, чандон дуруст нест. Баъзе аз хушдоманҳо пас аз дидани онки келинашон мустақилона аз идораи зиндагӣ мебарояд ва писарашон “дар дасти одами боварнок аст”, хотирҷамъ мешаванд ва ором мегиранд. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки то охири умр ду чашмашонро аз келин дур намекунанд. Ҳатто агар келинашон на арӯси нав, балки худ хушдомани келини дигар ҳам бошад.

Мо дар ин бора андешаи чанде аз занони 45-50-соларо пурсидем. Бо гузашти солҳо ҳанӯз аз лаб кушодан дар ин маврид ҳарос доранд. Дар ҳоле, ки баъзеи онҳо кайҳо хушдоманашонро дафн кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки ошкор ва дар ҳузури ҳама дар ин бора гап задан қабул нест.

Зан мехоҳӣ? Хона бигир

Маҳз вуҷуди “дедовшина” дар хонаводаҳо бисёре аз волидонро маҷбур кардааст, ки пеш аз никоҳи духтарашон ба соҳиби хонаи алоҳида будани домод таваҷҷуҳ кунанд. Бисёре аз духтарон ҳоло соҳиби маъуломатанд ва ҷои кор доранд. Онҳо муносибати дағалонаи хонаводаи шавҳарро нисбат ба худ тоқат карда наметавонанд. Ва чунин “бардору зан”-и ду тарафи тарозу гоҳе бо талоқ анҷом мепазирад.

Бино ба омори Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, имрӯзҳо ҳар никоҳи севум дар кишвар бо талоқ анҷом меёбад. Фирӯза, як фаъоли иҷтимоӣ, гуфт, “ба ин назарам, ки ҷуфтҳо бояд ҷудо аз хонаводаи хусуру хушдоман зиндагӣ кунанд. Худоро шукр, ки волидонам аҳли фаҳм ҳастанд. Бародарам соҳиби хонавода аст ва мо ба зиндагии ӯву ҳамсараш дахолат намекунем. Дар бораи “келинизастия” шунидаам ва ин ҳолат натанҳо дар Хуҷанд, балки дар Душанбе низ зиёд мушоҳида мешавад. Тақрибан ҳамаи ҳамсояҳои ман чунин марҳиларо паси сар гузоштаанд.”

Дар ин радиф онҳое низ ҳастанд, ки аз духтарон мехоҳанд, дар баробари рафтори хушдоманҳои худ босабр бошанд. “Духтар аз хонаводаи худ ба оилаи дигар меравад. Ҷое, ки то рафтани ӯ анъанаҳои худро доштанд. Бояд онро дарк кард ва қабул намуд. Бояд ба якдигар кӯмак кард. Ҳолатҳое ҳастанд, ки баъзе келинҳо хушдомани худро мисли модари худ дӯст медоранд ва бо онҳо хушу хурсанд зиндагӣ мекунанд”, - хулоса кард пизишки чашм Муҳаббат.

XS
SM
MD
LG