Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 ҳазор талоқ дар 1 сол. Чӣ оилаи тоҷикро аз ҳам пошидааст?


Раҳимаи 25-сола - сокини шаҳри Душанбе инак шаш моҳ аст, ки баъди ҷудо шудан аз шавҳар бо ду фарзанд дар хонаи падараш ба сар мебарад. Вай мегӯяд, муқассири аслии азҳампошидани оилааш, муносибати бади волидони ҳамсараш шуд.

"Бо шавҳарам чандон мушкил надоштам, аз дасти хушдоману падарарӯсам ҷудо шудем. Ҳарчанд шавҳарам мегуфт, ки ба ҷанҷоли падару модараш аҳамият надиҳам, вале кор ба ҷое кашид, ки хусурам маро латукӯб мекардагӣ шуд. Ман ночор бо ду кӯдакам ба назди модарам омадам",-мегӯяд ӯ.

Созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки тағйирот дар арзишҳои ахлоқии ҷомеа, бештар шудани талабот ба пулу мол, мушкили дарёфти сарпаноҳ боиси аз байн рафтани эҳсосоти муҳими инсонӣ, ба мисли меҳру муҳаббат ва самимият дар равобити ҳамсарон мешавад.

Раҳима мегӯяд, ки умед дошт баъди як муддат зистанаш дар хонаи модар шавҳараш ӯро дубора ба хонаи худ мебарад, вале ба ҷои хабари хуш ним сол баъд тасмимаш ин шуд, ки оила бояд аз ҳам пошад.

Раҳима яке аз беш аз 10 ҳазор занонест, ки соли 2017 хонавайрон шуд. Мақомоти тоҷик, ки дар бораи афзоиши мизони талоқҳо дар Тоҷикистон хабар доданд, мегӯянд, назар ба соли 2016 дар соли гузашта чунин ҳодисаҳо 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии худ рӯзи 31-уми январ дар бораи вазъи оиладориву талоқҳо ҳам гузориш дод, гуфт: “Аз ҳамин 10 ҳазору 100 нафар беш аз 7 ҳазор нафари онҳо азбаски фарзанди ноболиғ доштанд, пас аз баҳси судӣ ҷудо шудаанд. Ақди никоҳи ҳудуди се ҳазор нафари дигар бо розигии ду тараф бурида шудааст, ки идораҳои ақди никоҳ анҷом додаанд.”

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

Соли 2016 дар кишвар дар маҷмӯъ беш аз 8800 мавриди азҳам пошидани оилаҳо сабт шудааст. Аммо бархе созмонҳои ҷамъиятие, ки дар масоили оилаву мушкилоти хонадорӣ кор мекунанд, мегӯянд, дар асл болоравии мавридҳои азҳампошии оилаҳо танҳо як тағйироти оморӣ аст.

Як фаъоли ҷамъиятӣ, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, ба созмони онҳо занону мардони зиёд муроҷиат карда, шикоят намуданд, ки баъди “Соли оила” эълон шудани соли 2015, бисёр сохторҳои ЗАГС ё идораҳои ақди никоҳ намехостанд муроҷиати ҷуфтҳои хонавайроншударо барои қайди талоқи онҳо қабул кунанд, то ки омор ва нишондодҳои “Соли оила” манфӣ арзёбӣ нашавад. Дар натиҷа, бисёри ин ҷуфтҳо танҳо соли 2016 ва 2017 тавонистанд талоқи худро қонунӣ кунанд. Аммо масъулони идораи ақди никоҳи пойтахт аз шарҳи ин масъала худдорӣ карданд.

Вале бо ин вуҷуд, фаъолон азҳампошии оилаҳоро як падидаи нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ҳама гуна бадбахтӣ дар оилаҳои тоҷик бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Масъулини созмони “Ғамхор” мегӯянд, илова ба мушкилоти зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон, муҳоҷирати кории мардон ба Русия як сабаби хеле ҷиддии хонавайрониҳои ҷавонон шудааст. Дурии зану шавҳари ҷавон, яъне дар муҳоҷират қарор доштани шавҳар боиси бемеҳр шудани ҳамсарон ва бадбахт шудани фарзандон мешавад.

Масъулони ин ширкат мегӯянд, танҳо дар як рӯз, яъне 5 феврал 15 зани ҷавон ба онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ ва гирифтани алименти кӯдак муроҷиат карданд.

Мадина Низомова, як масъули созмони “Ғамхор” мегӯяд, дар масъалаи аз ҳампошии хонаводаҳо айб ҳамеша аз ду ҷониб аст. “Онҳо фикр мекунанд, ки бо се ҳазор доллар ҳар вақт, ки хоҳӣ, зан мегирӣ ва ҳар киро, ки хостӣ, мегирӣ. Занҳо беқадр шудаанд. Агар дар гузашта барои хостгорӣ меомаданд, волидони духтар медиданд, ки бача маълумоти олӣ надорад, духтарашонро намедоданд. Ҳоло аз мардикорӣ аз Русия меояд, вай сиҳат аст ё бемор, намепурсанд, духтарашонро медиҳанд”.

Мадина Низомова мегӯяд, ахиран бо кӯмаки ин созмон зане, ки дар чашми фарзандонаш пайваста латукӯб мешуд, тавонист аз шавҳараш талоқ ва ҳаққи гирифтани алиментро ҳам пайдо кунад. Созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки тағйирот дар арзишҳои ахлоқии ҷомеа, бештар шудани талабот ба пулу мол, мушкили дарёфти сарпаноҳ боиси аз байн рафтани эҳсосоти муҳими инсонӣ, ба мисли меҳру муҳаббат ва самимият дар равобити ҳамсарон мешавад. Дар натиҷа, ҳодисаҳои азҳампошии оилаҳо дар миёни ҳамсарони ҷавон бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG