Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент бо додситонҳои ИДМ ва СҲШ мулоқот кард


Рӯзи 20 сентябр дар Қасри миллат мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Додситонҳои кулл бо ҳадафи ширкат дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ ва прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ дар Душанбе гирди ҳам омадаанд.

Дар ин ҷаласаҳои масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз дигар мавзӯъҳои мавриди баррасӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, тақвияти сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG