Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноии зидди Бабановро қатъ карданд


Парвандаи ҷиноӣ зидди вакили пешини порлумон ва собиқ раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Республика Ота-Журт"-и Қирғизистон Омурбек Бабанов қатъ шудааст. Дар ин бора 19 сентябр раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Идрис Қодирқулов дар порлумон хабар дод.

Масъалаи зидди Бабанов боз шудани парвандаи ҷиноии ангехтани адовати миллиро вакили порлумони Қирғизистон Руслан Казакбоев дар ҷаласа ба миён гузошт. Ба гуфтаи ӯ, панҷ коршиноси байналмилалӣ ва дохилӣ гуфтаанд, ки дар суханронии Бабанов дар маҳаллаи "Амир Темур"-и шаҳри Ӯш ангехтани адовати миллӣ дида намешавад ва ҳамаи мавод ба Кумитаи амнияти Қирғизистон пешниҳод шудааст.

"Ҳамаи он мавод дар доираи парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешаванд. Вале ман мегӯям, ки мо посухи дархости худро мунтазирем. Парванда қатъ карда шудааст", - афзуд Қодирқулов.

Додситонии кулли Қирғизистон 4 ноябри соли гузашта зидди Бабанов бо бандҳои "Даъвати омавию барҳам задани сохти конститутсионӣ" ва "Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ва ё мазҳабӣ" парванда боз карда, ба КДАМ-и ин кишвар фиристод.

Худи Бабанов гуфт, иқтибосҳои суханронии ӯ дар "Амир Темур" дасткорӣ шудааст. Бабанов баъд аз интихоботи президентии соли 2017 Қирғизистонро тарк карда, дертар изҳор дошт, ки аз сиёсат пурра даст мекашад.

XS
SM
MD
LG