Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон қимати нон ду баробар гарон шуд


Дар Узбекистон аз 15 сентябр, баъд аз қатъи назорати давлатии нархҳо арзиши нон тақрибан ду баробар - аз 650 ба 1200 сӯм (ҳудуди 0,1 доллар) гарон шуд.

Бар пояи қарори девони вазирони Ӯзбекистон, аз 15 сентябр, нархи яклухт ва чаканаи як кило орди навъи якум 1400 сӯм шудааст. Бори охир нархи нон дар Узбекистон 15 сентябри соли 2014 аз 600 ба 650 сӯм боло бурда шуда буд. Дар ин бора рӯзи 19 сентябр радиои Озодлик хабар дод.

"Вақте мо ба нархи озод мегузарем, маҳсулотро бо нархи ниҳоии пешниҳодии истеҳсолкунанда мехарем. Албатта, ин талаботи бозор аст ва онро истиқбол мекунем. Вале ҳукумат бояд дар аввал барномаи дастгирии иҷтимоии сокинони камбизоатро қабул мекард. Нархи нон аз 15 сентябр гарон шуд ва сокинони камбизоат аз 1 октябр дар ҳаҷми 2 доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ мегиранд, ки хеле кам аст ва чораҳо низ дер андешида шуданд", - гуфт Олим Отаев, раҳбари пешини иттиҳодияи давлатии "Уздонмаҳсулот".

Як мутахассиси анҷумани "Тошканд-нон" гуфт, болоравии нархи нон дар Узбекистон чанд омил дорад. Ба гуфтаи ӯ, нархи нон дар пайи гарон шудани арзиши газу барқ ва хамирмоя (дрожжи) боло рафтааст.

"Дар 40 корхонаи Тошканд ҳамарӯза бо 550 тонна орд маҳсулоти нонӣ омода мекунанд. Мо орди арзонро аз давлат мехаридем, вале нон танҳо бо орд омода намешавад. Дар мо ҳоло нархи газу барқ ва хамирмоя ҳам боло рафт. 650 сӯм ҳатто ними хароҷотро рӯйпӯш намекард. Мардум мехоҳанд, ё не, нархи як дона нон то 1200 сӯм хоҳад расид", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG