Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратхоҷаев ба ангехтани адовати миллӣ муттаҳам мешавад. Видео


Шерзод Қудратхоҷаев
Шерзод Қудратхоҷаев

Ректори Донишгоҳи рӯзноманигории Узбекистон Шерзод Қудратхоҷаев дар саҳифаи худ дар Фейсбук видеоеро шарҳ дод, ки дар он бо як зани рус баҳс мекунад.

Ба гуфтаи Қудратхоҷаеви 44-сола, ин наворе, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, як моҳ пеш сабт гардидааст

“Дар назди донишгоҳ корҳои бозсозӣ идома дошт. Каме дуртар коргоҳе бунёд мешавад. Кормандони коммуналӣ дар назди коргоҳ чанд лӯларо иваз карданд, вале фаромӯш карданд, ки роҳро дубора асфалтпӯш кунанд. Дар онҷо чанд сокини маҳаллӣ ҳамроҳ бо кормандони шаҳрдорӣ ва хадамоти коммуналӣ ҳузур доштанд ва бо занҳо дағалона суҳбат мекарданд. Ман ба назди онҳо рафта, аз сокинон ҳимоят кардам ва гуфтам, ки пештар инҷо роҳи хубе буд ва ҳоло валангор аст. Аммо нохост ин зан ба назди ман омада, садояшро баланд кард ва қариб буд, маро бизанад ва гуфт бо русӣ гап зан”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Қудратхоҷаев, ӯ ибораи “ба Русия бирав”-ро истифода накардааст. Як рӯз баъд аз нашри изҳороти видеоии Қудратхоҷаев дар сомонаи "Фарғона" муроҷиатномаи видеоии ҷавобии сокини 60-солаи Тошканд Татяна Зокирова, зани русе чоп шуд, ки дар навори пешин бо ректор баҳс мекард.

"Ба гуфтаи зан, 16-уми сентябр раиси ноҳияи Юнусобод Бахтиёр Абдусамадов ба Донишгоҳи рӯзноманигорӣ омад ва онҳо хостанд, масъалаи асфалтпӯш кардани болои лӯлаҳоро бо раиси ноҳия дар миён гузоранд. Занҳо чун диданд, ки Абдусамадов аз донишгоҳ берун шуд, аз ӯ хостанд, ки барояшон чанд дақиқа ҷудо кунад. Онҳо мегӯянд, ором масъаларо баррасӣ доштанд, вале нохост Қудратхоҷаев омада, бо забони узбекӣ хеле тунд суҳбат кард ва аз ӯ хостанд, ки бо забони русӣ ҳарф занад, вале ректор ба таҳқир гузашта, гуфтааст, "ту нони узбекиро мехӯрӣ" ва "рав ба Путин шикоят кун", - менависад "Фарғона".

Бар асоси қонуне, ки моҳи октябри соли 1989 дар Узбекистон қабул шуд, забони ӯзбекӣ дар ин кишвар мақоми давлатӣ дорад. Вале дар банди 2-юми он омадааст, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони узбекӣ ҳуқуқи конститутсионии намояндагони миллату қавмҳои дигарро барои истифодаи забони модарии худ халалдор нахоҳад кард.

Банди 42-юми Кодекси маъмури Узбекистон барои беэътиноӣ кардан ба забони қавму миллатҳои дигаре, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, ҷарима дар ҳаҷми аз як то ду маоши ҳадди ақалро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG