Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Қирғизистон пешниҳод шуд, фаъолияти "Ҷамоати таблиғ"-ро манъ кунад


Исҳоқ Масолиев
Исҳоқ Масолиев

Вакили порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи "Онугуу-Прогресс" Исҳоқ Масолиев мегӯяд, ки "Ҷамоати таблиғ" бояд дар ин кишвар созмони экстремистӣ эълон карда шавад.

Дар ин бора ӯ рӯзи 12-уми сентябр ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуни тасвиби Конвенсияи мубориза бо экстремизми Созмони ҳамкориҳои Шанхай изҳори назар кард, ки моҳи июли соли 2017 дар шаҳри Остона имзо шудааст.

"Дар бархе аз кишварҳои узви Конвенсия фаъолияти "Ҷамоати таблиғ" манъ аст. Мо низ бояд онро манъ кунем. Дар конвенсия омадааст, ҳамаи кишварҳо меъёрҳои ягонаро дунбол мекунанд. Вақте ба конвенсия пайвастем, бояд масъулиятро иҷро кунем", - изҳор дошт Масолиев.

Вале муовини раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Асилбек Кожобеков гуфт, ин созмон таҳти назорати онҳост ва ба амнияти кишварашон хатар надорад.

"Агар асосе пайдо шавад, манъ хоҳем кард. "Ҷамоати таблиғ" шохае дорад, бо номи "Яқин инкор". Пайравони он ақидаҳои ифротӣ доштанд. Кӯдаконро мактабравӣ намемонданд ва аз тарзи зиндагии дунявӣ даст кашида буданд. Мо маълумоти заруриро ҷамъ кардем ва додгоҳ ҳам онро манъ кард", - афзуд Кожобеков.

Фаъолияти "Ҷамоати таблиғ" дар Тоҷикистону Қазоқистон, Узбекистон ва Русия манъ карда шудааст. Онро Муҳаммад Илёс соли 1927 дар Ҳиндустон таъсис дода, ҳоло созмонро набераи Илёс Мавлон Саад раҳбарӣ мекунад. Дар Қирғизистон "Ҷамоати таблиғ" аз сӯи Идораи мусулмонони ин кишвар расман ҷонибдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG