Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони "Флоренс" дар Амрико садҳо ҳазорро рӯ ба фирор овард


Тӯфони "Флоренс" ба соҳилҳои ғарбии ИМА наздик мешавад
Тӯфони "Флоренс" ба соҳилҳои ғарбии ИМА наздик мешавад

Бо наздик шудани тӯфони "Флоренс" садҳо ҳазор нафар дар ИМА тавассути шоҳроҳҳои ҷанубу шарқи Амрико аз минтақаҳои соҳилӣ фирор мекунанд.

Марказҳои обуҳавосанҷӣ рӯзи 11-уми сентябр барои сокинони Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҳушдор доданд ва мӯҳлати расидани тӯфонро ба ин минтақаҳо 13-уми сентябр гуфтанд.

Тӯфони дараҷаи 4 шадидтарин тӯфон дар даҳсолаҳои охир аст, ки ба соҳилҳои шарқии Амрико таҳдид мекунад.

"Ин тӯфон як ҳаюло аст, бузург ва мустаҳкам. Ин тӯфон бисёр хатарнок аст, ба зиндагӣ таҳдид мекунад, тӯфони таърихӣ аст", - гуфт волии Каролинаи Шимолӣ Рой Купер.

Пешгӯӣ мешавад, ки боди шадид на танҳо хати соҳилҳоро аз байн мебарад, балки роҳҳои обгузари дохилиро аз борон пур мекунад.

Бегоҳи рӯзи 11-уми сентябр суръати шамол ба 225 километр соат баробар буд.

Волиҳои Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ва ҳамчунин Вирҷиния барои бисёре аз минтақаҳои соҳилӣ, ки тӯфон метавонад ба 17 миллион нафар таъсир расонад, кӯчи иҷборӣ ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG