Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Восток-2018". Бузургтарин тамрини ҳарбӣ дар таърихи Русия оғоз шуд


Аз 11 то 17-уми сентябр дар Сибир ва Шарқи Дури Русия бузургтарин машқҳои низомӣ баргузор мешаванд, ки ба гуфтаи мақомоти Кремлин, бесобиқа будааст.

  • Маскав мегӯяд, дар тамринҳои “Восток-2018” дар муқоиса бо азимтарин машқҳои артиши Шӯравӣ ду баробар бештар нирӯ истифода хоҳад шуд. Бори охир соли 1981 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 150 ҳазор низомӣ дар як вақт тамрин дида буд.
Агар Русия Чинро ба ин машқҳо ҷалб намекард, ин маърака аз ҷониби Пекин ҳамчун таҳдид ва хатар арзёбӣ мешуд. Ин паём ба Чин равона нашудааст, балки ба Амрико ва Ҷопон аст

Дар як саф бо Чину Муғулистон

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, дар машқҳо низомиёни артиш, нирӯҳои ҳавоӣ ва баҳрӣ ва ҳамчунин низомиёни Чину Муғулистон ҷалб мешаванд. Ӯ дар як изҳороташ рӯзи 4-уми сентябр гуфта буд, дар маҷмӯъ дар тамрин 300 ҳазор нирӯ, беш аз 1 ҳазор ҳавопаймову чархбол ва дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ва 80 киштии ҷангӣ ширкат мекунад. Инчунин, ҷалби 36 ҳазор тонк ва дигар мошинҳои ҷангӣ дар назар аст.

Ба иттилои Шойгу, бахши аслии машқҳо дар қаламравҳои марзиву шарқии Русия, дар обҳои баҳри ҷопонӣ, Охотск ва Беринг баргузор хоҳад шуд. Як бахши муҳими дигари машқҳо дар ҳавзаи “Тсугол” дар минтақаи Трансбайкал дар назар гирифта шудааст.

Аз ҷониби Чин ширкати 3200 нирӯ, 900 мошини ҳарбӣ ва 30 ҳавопаймо дар назар аст.

"Ин машқҳо дигар аст"

Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, президент Владимир Путин баъди иштирок дар форуми иқтисодӣ дар Владивосток рӯзҳои 11-13-уми сентябр, ҳатман ба дидани ҷараёни машқҳо меравад.

Алекс Кокчаров муҳаққиқи масоили Русия дар ширкати арзёбиҳои хатарҳои HIS Markit дар Лондон аст. Ӯ гуфт, бори аввал аст, ки Чин дар паҳлӯи Русия ва ҳам дар сатҳи ду кишвар дар машқҳои низомӣ иштирок мекунад. Ба қавли ин муҳаққиқ, то имрӯз Чин дар чаҳорчӯби нирӯҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва дар машқҳои низомӣ иштирок кардааст. “Ин машқҳо дигар аст, чунки дар баробари Русия, Чину Муғулистон ҳам ҷалб шудаанд”, - афзуд ӯ.

Ба андешаи ин таҳлилгар, дар асл ҳадафи машқҳои пурдабдаба ва ҳангомасоз – намоиши нирӯи Русия дар қарамлави Осиёву Уқёнусия аст. Ӯ гуфт, “агар Русия Чинро ба ин машқҳо ҷалб намекард, ин маърака аз ҷониби Пекин ҳамчун таҳдид ва хатар арзёбӣ мешуд. Ин паём ба Чин равона нашудааст, балки ба Амрико ва Ҷопон аст”. Кокчаров гуфт, Русия бо ин машқҳо мехоҳад бигӯяд, ки на танҳо дар самтҳои ғарбӣ, балки дар шарқи кишвараш ҳам фаъолият ва таъсисот ва нирӯи азими низомӣ дорад.

“Танҳо барои тарс додан нест”

Марк Галеотти, як муҳаққиқи масоили Русия дар Донишгоҳи равобити байналмилалии Прага, мегӯяд, Маскав ба ҷаҳон паём медиҳад, ки тавони ба роҳ мондани ҷанги густарда ва бо истифода аз ҳама навъи силоҳу нирӯро дорад.

Галеотти мегӯяд, “ин машқи кори сохтори фармондеҳии аршади низомӣ аст. Айни замон, ҳадаф назорат аз бархӯрд ё вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин машқҳо аст, ки дар он Чин ҳам ширкат мекунад”.

Ӯ афзуд, намоиши нирӯ ва тамрини 300 ҳазор нирӯ танҳо ба хотири тарс додан нест. “Русия мехоҳад бигӯяд, ки дӯсту шарик дорад ва ин дӯсташ Чин аст, ки аз ҷараёнҳои замонавии геополитикӣ набояд дур карда шавад”.

Кокчаров гуфт, машқҳои Шарқи Дури Русия ба моҷароҳои ахири миёни Русияву Ғарб ваё ҷангҳо дар Украинаву Сурия рабт надоранд. Ба гуфтаи ӯ, омодагҳо ба баргузории ин машқҳо чанд соли пеш шурӯъ шуда буд. Вай гуфт, омода ва ҷалб кардани чунин миқдор силоҳу муҳимот ва мошинҳои ҷангӣ фурсат ва барномарезии тӯлониро талаб мекунад.

Айни замон Кокчаров гуфт, ба ҷалби чунин нирӯи зиёд бовар надорад. Ба қавли ӯ, соли 2017 дар машқҳои муштараки низомӣ бо Беларус Кремлин шумори воқеии нирӯҳоро аз ҳад зиёд баланд гуфта буд ва ба ҳамин хотир ҳам аз даъвати нозирони хориҷӣ худдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки чунин талабот бар пояи созишноми нирӯҳои мусаллаҳи Аврупо тақозо мешавад.

Вазорати дифои Русия гуфт, манёври низомӣ бо созишномаи ҳамкориҳои Шонгҳой дар ихтилоф нест ва ба санади соли 1996 миёни Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Чин имзошуда оид ба тақвияти эътимод дар бахши низомӣ дар сарҳадҳои ин кишварҳо ҷавобгӯ мебошад.

XS
SM
MD
LG