Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "размоиши "Восток-2018" тамрини низои бузург аст"


НАТО мегӯяд, размоиши низомии "Восток-2018"-и Русия тамрини як низои бузург аст.

Намояндаи эътилоф Дилан Уайт ба "Настоящее время" гуфт, ин размоишҳо ҳадафҳои Русияро бозгӯ мекунанд, ки будҷаи дифоӣ, тавонмандии зарбаҳои худ ва ҳузури низомияшро дар минтақаи Балтик ва баҳрҳои Сиёҳу Миёназамин афзоиш медиҳад. Ҳамчунин Русия нишон дод, ки зидди ҳамсоякишварҳои худ, аз ҷумла Украина ва Гурҷистон аз нирӯ кор мегирад.

"Ҳар як кишвар ҳақ дорад, ки нирӯҳои худро тамрин диҳад. Вале ин размоишҳо бояд шаффоф ва пешгӯишаванда бошанд. Ҳампаймонҳои ғарбӣ ва Русия дар бораи размоишҳои низомии худ моҳи майи соли равон дар Шӯрои НАТО-Русия табодули иттилоъ карданд. Намояндагони Русия иштирокдоронро огаҳ карданд, ки размоиши "Восток-2018" монанди "Восток-2014" гузаронида мешавад. НАТО размоишҳои низомии Русияро таҳлил мекунад ва "Восток-2018"-ро низ хоҳад кард", - афзуд Уайт.

Аммо Русия мегӯяд, ин размоиш аз ҳудуди минтақаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо берун то Урал густариш меёбад. Бинобар ин, Русия вазифадор нест, аз размоиш хабар диҳад ё нозиронро даъват кунад. Кордорони низомии кишварҳои НАТО дар Москва огаҳ карда шудаанд, ки агар хоҳанд, метавонанд ҷараёни размоишро назорат кунанд.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, размоиши "Восток-2018", ки қарор аст, миёнаҳои моҳи сентябр баргузор шавад, бузургтарин тамрини низомӣ баъд аз соли 1981 хоҳад буд. Дар он ҳудуди 300 ҳазор низомӣ ва беш аз як ҳазор ҳавопаймову чархбол иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG