Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хабари CNBC-ро дар бораи гум шудани мушаки ҳастаияш рад кард


Русия - киштии зериобии Юрий Долгорук
Русия - киштии зериобии Юрий Долгорук

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гузориши шабакаи телевизионии Амрикоро рад кард. Ин гузориш мегӯяд, Русия мушаки ҳастаияшро дар баҳри Барентс гум кард ва акнун барои ёфтанаш амалиёти махсус оғоз кардааст.

Шабакаи телевизионии CNBC рӯзи 21-уми август гуфт, мушаки ҳастаии Русия, ки ҳангоми тамрини номуваффақи соли 2017 дар баҳр гум шуда буд, ҳануз ҳам пайдо нашудааст.

Ин шабакаи телевизионӣ ҳамчунин гуфт, ба амалиёти ҷустуҷӯӣ се кишитӣ, бо шумули киштии муҷаҳҳаз барои коркарди маводи радиоактивӣ ҷалб шудааст.

Песков рӯзи 22-юми август гуфт, "ба фарқ аз телевизиони ИМА, ман чунин маълумот надорам" ва афзуд, хабарнигорон барои дарёфти ҷавоб ба ин суол бояд бо мутахасисони Вазорати дифои Русия дар тамос шаванд.

Президенти Русия Владимир Путин моҳи март аз мушаки наве ситоиш ва эълон кард, ки парвози мушаки нав домани номаҳдуд дорад.

XS
SM
MD
LG