Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бузургтарин тамрини ҳарбии даҳсолаҳои ахирро баргузор мекунад


Владимир Путин ҳангоми тамошои тамрини ҳарбӣ
Владимир Путин ҳангоми тамошои тамрини ҳарбӣ

Вазири дифои Русия Серегей Шойгу гуфт, моҳи оянда кишвараш бузургтарин тамрини ҳарбиро баргузор мекунад, ки дар чаҳор даҳсолаи ахир намуна надоштааст.

Шойгу рӯзи 28-уми август гуфт, тамрин бо номи "Восток-2018" дар ҳавзаи марказӣ ва шарқии Русия баргузор мешавад ва ба он 300 ҳазор нерӯ, беш аз ҳазор ҳавопаймо, нерӯҳои баҳрӣ ва воҳидҳои ҳавоӣ ҷалб хоҳанд шуд.

"Ин бузургтарин тамрини ҳарбӣ аз соли 1981 баст", - гуфт хабаргузории "Интерфакс" аз қавли Сергей Шойгу.

Моҳи сентябри соли гузашта Русия тамрини низомиеро бо номи "Запад-2017" баргузор кард. Тибқи сенария, Русия ва Беларус ба як давлати шартии ғарбӣ муқовимат карданд. Моҳи ноябри ҳамон сол президент Путин аз корхонаҳои хурду бузурги стратегӣ даъват кард, ки ба афзоиши тавлиди маҳсулоти низомӣ омода шаванд.

НАТО он замон гуфт, ин тамринҳо аз омодагии Русия ба "як ҷанги калон" гувоҳӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG