Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фархор марди гумонбар дар тарс додани мардум боздошт шуд. ВИДЕО


Полиси ноҳияи Фархор гуфт, ки ахиран мардеро боздошт карданд, ки дар тарс додани сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Дарқад, воқеъ дар марзи Афғонистон гумонбар мешуд.

Як манбаъ дар шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор рӯзи 10 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшуда Фирдавс Ҳалимов, як сокини маҳаллист, ки зоҳиран бемории рӯҳӣ дорад. Ин манбаъ гуфт, ки ӯ бо риши давидаву либоси чиркини сиёҳ ба хонаи сокинон даромада, онҳоро метарсонд. Дар пайи ин мақомот навбадорӣ карда, ахиран ин нафаре, ки ҳамчун “махлуқи ниқобпӯш” сару садо пайдо кард боздошт шуд.

Ходими полиси ноҳияи Фархор гуфт, “баъди сару садои бисёр ва дар Озодӣ гузориш рафтан, мақомот ва сокинон навбадориро пурзӯр карданд. Ниҳоят вақте ба як хона дар маркази ноҳия ворд шуд, боздошташ карданд. Ин нафар Фирдавс Ҳалимов аст, бемор аст ва дуруст сухан карда низ наметавонад. Бо риши давидаву як вандамка (рӯймоли борик)-ро дар сараш кашида медаромадааст, одамонро тарсондааст. Ҳоло ин нафар таҳти назорат аст ва дигар сокинон бе ҳарос ба сар бурда истодаанд”.

Сокинони деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати Ғайрати Фархор мегӯянд, ки баъди боздошти ин шахс дигар ҳама ором аст ва дигар ҳеҷ нафаре фароғати сокинонро халалдор намекунад.

Охири августи соли ҷорӣ сокинони деҳа бо нигаронӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бисёр хонаҳо шомгоҳон "махлуқи ношиносе"-ро дидаанд, ки сокинонро дар ҳолати тарс қарор медод.

Махлуқи ниқобпӯш хоби сокинони як маҳаллаи Фархорро парронд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

XS
SM
MD
LG