Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Махлуқи ниқобпӯш хоби сокинони Фархорро низ парронд. ВИДЕО


Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон "шиками бузург" дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.

  • Ҳафтаи гузашта сокинони маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанбе низ аз вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш хабар дода буданд, ки аз як бом ба боми дигар меҷаҳад.
Ин шабу рӯз навбатдорӣ мекунем. Чанд кас дидааст, вале мегурезад ва ёфта намешавад. Ба ҳисоби мо, ба даҳ хона даромадааст

Ҳоло сокинони деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор навбатпоии шабона ташкил кардаанд, то марди ниқобпӯшро дастгир кунанд. Солеҳа Ҳамидова, яке аз сокинони деҳа, ин мардро бо чашми худ дидааст.

"Либоси сиёҳ дошт ва рӯяш пӯшида буд. Шинохта намешавад",- ба хотир овард ӯ рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Махлуқи ниқобпӯш хоби сокинони як маҳаллаи Фархорро парронд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Ҳамидова мегӯяд, ин махлуқро шаби 20-уми август дид ва аз он замон то ба ҳол вазъи саломаташ чандон хуб нест: "Дар болои суфа хобида будем. Соат 1 ё 2-и шаб буд. Ба чашмам намуд, ки дар поён касе истодааст. Фикр кардам, шояд шавҳарам аст. Аммо дидам, шавҳарам дар паҳлӯям хобидааст. Дубора сарамро бардоштанӣ шудам, ки ба китфам зад ва рӯямро сахт ба замин зер кард. Дигар чизеро нафаҳмидам."

Ин сокини деҳаи Муҳоҷиробод мегӯяд, баъдан наздиконаш барои ба ҳуш овардани ӯ пизишкро даъват кардаанд. "Пас аз онки сӯзандору гузаронданд, ба худ омадам. Вале то ба ҳол тамоми аъзои баданам дард мекунад. Зери назорати табибон ҳастам",-афзуд ӯ.

Мақомот гуфтанд, аз ин ҳодиса хабар доранд ва барои дақиқ кардани шахсияти марди ниқобпӯш навбатдорӣ ташкил намудаанд.

Толиб Алиев, раиси деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор, гуфт, ин ниқобпӯш бештар ба манзилҳое ворид шудааст, ки мардони хонавода дар муҳоҷиратанд. "Ин шабу рӯз навбатдорӣ мекунем. Чанд кас дидааст, вале мегурезад ва ёфта намешавад. Ба ҳисоби мо, ба даҳ хона даромадааст",-гуфт ӯ.

Ин хабар дар тақрибан даҳ рӯзи охир аз даҳон ба даҳон гузашта, бисёриҳоро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ медорад. Занони танҳо ва хонаводаҳое, ки мардонашон дар муҳоҷиратанд, муваққатӣ хонаҳояшонро тарк карда, дар манзили наздикон ба сар мебаранд.

Яке аз занҳои маҳалла ҳудуди се рӯз пеш бо дидани марди ниқобпӯш дар ҳолати "шок" қарор гирифтааст. Хостем, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шавем, вале дари хонааш баста буд.

Даврон Қурбонов, вакили деҳаи Муҳоҷиробод, гуфт, ин зан ҳар рӯз баъди нисфирӯзӣ ба хонаи наздиконаш меравад ва шабро дар онҷо рӯз мекунад. Қурбонов гуфт, "марди ниқобпӯш ба хонаи ин ҳамсояи мо ворид шуда, бо ӯ дастбагиребон гардидааст. Ҳамсоя як илоҷ карда мегурезад ва то назди девори хонаи ман меояд. Ҳамсоя дод зад, ки ба хонааш дузд даромад. Бо чароғак рӯшноӣ кардам, ки касе нест. Ин ҳолатро бо чашми худ дидем."

Сокинони деҳаи Муҳоҷиробод мегӯянд, бо вуҷуди онки намедонанд асли қазия чист -- ҳақиқат аст ё касе шӯхӣ мекунад -- дар ҳоли ҳарсу ҳарос ба сар мебаранд ва беш аз як ҳафта боз хоб аз чашмашон паридааст. Онҳо аз мақомот тақозо доранд, ки ҳарчи зуд ин ниқобпӯшро ёфта, "адаб"-ашро бидиҳанд, то агар шӯхӣ аст дигар такрор нашавад ва агар воқеӣ аст, ҷазояшро бубинад.

XS
SM
MD
LG