Узбекистон дар ҳамкорӣ бо Чин интиқоли молро ба Афғонистон тавассути масири нав ба роҳ монданд.
Бо интиқоли мол ширкати муштараки Silk Road International машғул аст, ки соли 2018 таъсис ёфта, вазифаи он расонидани мол ба воситаи масири Тошканд - Андиҷон - Ӯш - Иркештам - Кошғар аст.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки ширкат аз Узбекистон ба Чин меваи хушку, донагиву навъҳои гуногуни оби мева ва аз онҷо ба Тошканд масолеҳи бинокорӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, ниҳол ва молҳои мавриди ниёзи мардумро интиқол хоҳад дод.
Ҳамакнун ду кишвар ба шимоли Афғонистон, шаҳри Хайратон низ молҳои гуногун интиқол медиҳанд, ки дарозии роҳ ба 1,6 ҳазор километр баробар аст.