Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, демократҳо мехоҳанд масири сиёсати ӯро тағйир диҳанд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, агар демократҳо дар интихоботи моҳи ноябри Амрико пирӯз шаванд, самти сиёсати ӯро "бо зӯрӣ" дигар хоҳанд кард. Ин нуктаро ӯ дар мулоқот бо раҳбарони евангелист ё инҷилгаро баён дошт.

Трамп интихоботи мазкурро "раъйпурсӣ"-и озодии баён ва мазҳаб номид ва гуфт, агар ҷомеаи масеҳиён ба ҷумҳурихоҳон райъ надиҳанд, "ҳама чиз"-ро аз даст хоҳанд дод. Президенти ИМА аз инҷилгароҳо даъват кард, ки барои таъсиргузорӣ ба садҳо миллион интихобкунанда аз "нирӯи бузурги худ" истифода кунанд.

Трамп соли гузашта "гуруҳҳои чапгаро"-ро баъд аз он танқид кард, ки нажодпарасте як эътирозгари "чапгаро"-ро дар тазоҳуроти миллатгароёни Шарлоттсвилл ба қатл расонд. Ӯ он замон ҳарду ҷонибро дар хушунат айбдор кард.

Дар ҳоли ҳозир, ҷумҳурихоҳон ҳарду палатаи Конгресси ИМА-ро идора мекунанд. Ин вазъ метавонад тирамоҳи имсол тағйир ёбад. Ҳарду ҳизб барои 435 курсии Палатаи намояндагон ва 33 курсии Сенат рақобат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG