Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Меркел аз хоҳиши Гурҷистон барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо. ВИДЕО


Ангела Меркел
Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз хоҳиши Гурҷистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ кард. Меркел ҳамзамон гуфт, ки дар бораи шомил шудани Гурҷистон ба ИА сӯҳбат кардан барвақт аст. Ин изҳоротро садри аъзами Олмон рӯзи 25 август ҳангоми мулоқот бо донишомӯзони донишгоҳи Тбилиси пахш кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Рустави-2" хабар дод. Иттиҳоди Аврупо бояд аввал худаш барои қабули аъзои нав омода шавад,-тавзеҳ дод Меркел.

Ҳоло дар Брюссел масъалаи ба ИА шомил шудани кишварҳои Балкан баррасӣ мешавад. Гурҷистон ва Украина дар навбати дуюм қарор доранд,- гуфт садри аъзам.

Ӯ гуфт, ки Олмон мехоҳад бо Гурҷистон ва ҳамин тавр бо Озарбойҷон, ҳам бо Украина ва ҳам бо Русия равобити хуб барқарор кунанд. Иттиҳоди Аврпуо ва НАТО душмани Русия нестанд ва Масакв бояд инро дарк кунад,- таъкид кард Меркел.

Садри аъзами Олмон ҳамчунин гуфт, ки лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ" Олмонро пойбанди Русия намекунад. Ба ғайр аз ин, Меркел аз ҳифз шудани хати лӯлаи интиқоли энержии Русия тавассути Украина пуштибонӣ кард.

Қаблан президенти ИМА гуфт, ки лӯлаи газ "Олмонро ба "асири Русия" табдил кардааст. Трамп ҳамчунин "Маҷрои шимолӣ"- ро тарҳи "бисёр бад" унвон кард.

Меркел ба Қафқоз сафар кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

XS
SM
MD
LG