Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон дастгир шуд


Алиакбари Ҷавонфикр
Алиакбари Ҷавонфикр

Алиакбари Ҷавонфикр, мушовири матбуотии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон, рӯзи 19-уми август дар Теҳрон дастгир шудааст. Дар ин бора як саҳифаи наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод дар шабакаи “Телеграм” хабар дод.

Ин саҳифа далели боздошти Алиакбари Ҷавонфикрро “пардохт накардани чаҳоруним миллион туман ҷаримаи додгоҳ” номидааст.

Бар пояи ин хабар, ин ҷарима марбут ба мусоҳибаи Алиакбари Ҷавонфикр бо рӯзномаи “Эътимод” будааст. Худи ӯ қаблан эълон кардааст, ки тавоноии пардохти ин миқдор ҷаримаро надорад.

Бо боздошти Алиакбари Ҷавонфикр теъдоди ёрони Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар боздошту зиндон ба сар мебаранд, ба се нафар расид.

Қаблан Ҳамид Бақоӣ, муовини иҷроии Маҳмуди Аҳмадинажод ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дафтари Маҳмуди Аҳмадинажод дар замони президентиаш низ дар боздошт аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод тобистони соли 2005 раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд. Баъдан ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 бори дигар барои чаҳор сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд.

XS
SM
MD
LG