Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мақомҳои Узбекистон бо ҳайати Толибон дар Тошканд


Масъули дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳафтаи гузашта ба Тошканд рафта, раҳбарии ҳайатеро барои гуфтугӯ бо мақомҳои аршади Вазорати умури хориҷии Узбекистон бар уҳда доштааст.

Як мақоми Толибон дар баёнияе ба Радиои Машъал гуфтааст, мулоқот дар мавриди масъалаҳои гуногун, аз ҷумла баҳси хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ҷараён гирифт.

Дар баёния омадааст, ки тарафҳо раванди сулҳ дар Афғонистон, хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар ва барқарории суботро низ баҳс кардаанд.

Баёния афзудааст, раҳбари сиёсии Толибон Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар гуфтугӯҳои чаҳоррӯза намояндагии ин гуруҳро бар уҳда дошт. Дар баёния гуфта шудааст, ки ҳайати Толибон аз 6-ум то 10-уми август дар Узбекистон монд.

Саҳифаи интернетии Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар як иттилоия дар мавриди ин дидор гуфтааст, ду тараф дурнамои сулҳи Афғонистонро баҳс карданд.

Ҳанӯз мақомҳои Афғонистон дар ин маврид вокуниш нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG