Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании сарнишинҳои Ryanair ба 55 ҳазор мусофир таъсир мерасонад


 Ҳавопаймои Ryanair - Boeing 737
Ҳавопаймои Ryanair - Boeing 737

Сарнишинҳои ширкати Ryanair-и Ирландия рӯзи панҷшанбе дар панҷ кишвари аврупоӣ коршикани эълон карданд. Ин бузургтарин коршинканӣ дар таърихи Ryanair аст, ки 30 сол боз дар бозори парвозҳо фаъолият дорад ва ба 1600 масир мусофир мебарад.

Дар Олмон Шведсия, Ирландия, Белгия ва Нидерландия ҳудуди 400 ё ҳар шашумин парвоз лағв шуд. Ба сурати умум аз коршинакӣ дастикам 55 ҳазор мусофир, 42 ҳазор онҳо дар Олмлон, зарар мебинад. Дар ин бора радиои "Мавҷи Олмон" рӯзи 10 август хабар дод.

Раҳбари Иттифоқи касабаи пилотҳо Мартин Лохер гуфт, ки Ryanair барои созиш бо сарнишинҳо бархурди созанда нишон намедиҳад. Бинобар набуди пешравӣ дар музокирот, ки аз аз оғози сол идома дорад, 96 дар сади пурсидашудаҳо идомаи муборизаро дар коршиканӣ мебинанд. Пилотҳо талаб доранд, ки маоши онҳо боло бурда шавад.

XS
SM
MD
LG