Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медеведев: таҳримҳои нави ИМА эълони ҷанги иқтсодӣ аст


Дмитрий Медведев

Таҳримҳои нави Вашингтон бар зидди Русия ҳамчун эълони ҷанги иқтисодӣ арзёбӣ мешавад,- гуфтааст нахуствазири Русия Дмитрий Медведев. Хабаргузории ТАСС гуфт, ки нахуствазир ин изҳоротро рӯзи 10 август ҳангоми боздидаш аз мамнуъгоҳи давлатии воқеъ дар Кронотский пахш кард.

"Агар ба думбол иқдоме мисли манъи фаъолияти бонкҳо ва истифодаи ин ё он арзи хориҷӣ пиёда шавад - ин мустақиман эълони ҷанги иқтисодӣ аст ва ба он бояд аз зовияи сиёсӣ, иқтисодӣ ва агар заруршавад, бо чораҳои дигар вокуниш кард",- гуфт нахуствазири Русия.

Медведев эътироф кард, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда ба иқтисоди Русия таъсир мерасонанд. Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳо барои он ҷорӣ мекунанд, ки Русияро аз шумори рақибони неруманд дар саҳнаи байналмилалӣ берун кунанд.

Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия сар аз рӯзи 22 август амалӣ мешаванд. Маҳдудиятҳо ба қазияи заҳролудшавии агенти дугона ва корманди собиқи Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар Британия рабт дорад. Дар Вашингтон мегӯянд, ки Русия бо истифодаи гази "Новичок" дар ҳамла ба Скрипал қонуни байналмилалиро нақз кард.

Ду рӯз пеш сенаторҳои амрикоӣ бо таҳияи як тарҳи нав пешниҳод карданд, ки Русия "сармоягузори терроризм" эътироф шавад.

Ба маълумоти матбуоти Амрико, "Қонун дар бораи ҳимояи амнияти Амрико аз таҳоҷуми Кремлин 2018" , таъсиси сохтори ягонаи таҳримҳо алайҳи Русия - аз акти Магнитский гирифта то муқовимат ба душманҳои Амрико аз тариқи ҷорӣ кардани таҳримҳо"-ро пешбини мекунад. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ, ҳамчунин масдуд шудани ҳисобҳои долларии шаҳрвандони Русия ва манъи амалиёти бонкии қарзи давлатии Русия ба шаҳрвандони Амрикоро дар назар аст.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG