Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз низои "даҳшатнок" ҳушдор дод


Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев
Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев рӯзи 6 август дар сӯҳбат бо радиои "Коммерсант FM" гуфт, ки шомил шудани Гурҷистон ба НАТО "низои даҳшатнок"-ро таҳрик медиҳад.

Дмитрий Медведев ин изҳоротро дар даҳумин солгарди низои мусаллаҳонаи Русияву Гурҷистон пахш кард. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳеҷ зарурате барои он низо вуҷуд надошт.

Моҳи августи соли 2008 Дмитрий Медведев, ки он замон президенти Русия буд, ба минтақаи низои байни Гурҷистон бо Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ нерӯи низомӣ ворид кард. Баъди даргирии панҷрӯза, ки бо ақибнишинии нерӯҳои Гурҷистон поён ёфт, Русия Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро давлатҳои мустақил эътироф кард. Гурҷистон дар посух робитаи дипломатиашро бо Русия бурид ва моҳи сентябри ҳамон сол комиссиюни НАТО-Гурҷистон таъсис ёфт, ки ҳадафаш таҳкими сохтори низомӣ ва мусоидат ба узвияти Гурҷистон дар Паймони Атлантики Шимолӣ аст.

Моҳи июн дабари кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки Гурҷистон узви НАТО мешавад. Дар посух Владимир Путин ҳушдор дод, ки Русия ин қадамро "таҳдиди мустақим ба амнияташ" арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG