Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Кочариён хостанд, ки ӯ фавран озод шавад


Намояндагони Роберт Кочариён ҳангоми нишасти хабарӣ дар Ереван дар рӯзи 28-уми июл.
Намояндагони Роберт Кочариён ҳангоми нишасти хабарӣ дар Ереван дар рӯзи 28-уми июл.

Намояндагони Роберт Кочариён, раиси ҷумҳури собиқи Арманистон боздошти ӯро “интиқоми ошкори сиёсӣ ва хусусӣ” номида ва хостори озодии фаврии ӯ шуданд.

Виктор Шогомониён, сухангӯи Кочариён рӯзи 28-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, “Ин як ниқори сиёсӣ ва хусусӣ аст, ки ҳеҷ заминаи қонунӣ надорад”.

Ӯ афзуд, ки Роберт Кочариён ҳеҷ иртиботе ба марги 10 нафаре надорад, ки рӯзи 1-уми марти соли 2008 дар ҷараёни тазоҳуроти мухолифони давлат кушта шуданд.

Роберт Кочариёнро, ки аз соли 1998 то соли 2008 раиси ҷумҳури Арманистон буд, бо иттиҳоми саркӯби хушунатбори тазоҳурот рӯзи 27-уми июл дастгир карданд.

Тазоҳурот баъди интихоботи ҷанҷолии соли 2008 сурат гирифт. Ҳукумати нави Арманистон бо раҳбарии Никол Пашиниён, чанде аз мансабдоронеи ҳукуматҳои пешини кишварро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.

XS
SM
MD
LG