Ширкати Сомон Эйр гуфт, ки аз моҳи оянда ҳавопаймоҳояш ба шаҳри Бухорои Узбекистон парвоз мекунанд. Дар баёнияи расмии ширкат аз рӯзи 28-уми июл омадааст, "дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз моҳи августи имсол ширкати ҳавопаймоӣ нахуст дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистони соҳибистиқлол парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Бухоро-Душанбе роҳандозӣ менамояд."
Ширкати хусусии «Сомон Эйр», ки парвоз ба шаҳри Тошкандро муттавақиф карда буд, гуфт, ки аз рӯзи 28-уми июл парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе аз нав оғоз шуд.
Ҳавопаймои Боинг 737 - 300-и Сомон Эйр соати 15.40 дақиқа ба пойтахти кишвари ҳамсоя парвоз кардааст. Вақти парвоз 45 дақиқа аст ва парвозҳо дар ин хастайр ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. Аз ин пештар ширкати «Тоҷик Эйр» гуфт, ки аз рӯзи 28-уми июл хатсайри Душанбе-Самарқандро боз мекунад.