Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

75 тарафдори Муҳаммад Мурсиро ба қатл маҳкум карданд


Худи Муҳаммад Мурсӣ дар зиндон аст.

Додгоҳи Миср 75 нафарро аз ҷумла аъзои баландпояи созмони динии Ихвонулмуслиминро барои эътироз дар соли 2013 ба қатл маҳкум кард. Ин афрод дар Қоҳира ба нишони эътироз аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқ дар маркази шаҳр хайма заданд.

Ҳукми Додгоҳи Қоҳира ҳоло барои баррасӣ ба муфтӣ пешниҳод мешавад, ҳарчанд назари ӯро метавонанд, нодида бигиранд. Хабаргузории давлатии Ал-Аҳроми Миср гуфт, ки ҳукми бештар аз 660 тазоҳургари дигарро моҳи сентябр эълон мекунанд.

Тазоҳуроти соли 2013 як моҳ баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ шурӯъ шуд ва онро баъдан мақомот бо зӯр пароканда карданд. Даҳҳо нафар дар ҷараёни амалиёт кушта шуданд.

Дар байни муттаҳамон Маҳмуд Абузайд, як хабарнигори маъруфи Миср низ ҳаст. Ӯро барои инъикоси тазоҳурот ба ҷавобгарӣ кашиданд. Созмони Афви Байналмилал муҳокимаи тазоҳургаронро “масхараи мурофиаи додгоҳӣ” номидааст.

Видеоҳои охирин

Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG