Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар обҳои Тоҷикистон моҳе то 10 нафар ғарқ мешавад


Тавилдара. Акс аз бойгонӣ
Тавилдара. Акс аз бойгонӣ

Аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлҳо ва рӯдхонаҳои Тоҷикистон 69 нафар ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Салимзода, муовини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 26 нафар қурбонӣ нобилиғони то 16-сола будаанд. Теъдоди ғарқшудагон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 нафар бештар будааст. Ҳамзамон соли ҷорӣ наҷотдиҳандагони ин кумита 58 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Муҳаммадҷон Салимзода дар нишасти мутбуотии 27-уми июл бо нигаронӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар мавсими шиноварӣ гуфт, ки "тасмим шуд аз соли оянда танҳо ба он кӯлҳову рӯдхонаҳое иҷозаи шиноварии шаҳрвандон дода шавад, ки гурӯҳи наҷоти шиноваронро доранд ва бо аломатҳои махсус муҷаҳҳаз шудаанд".

Дар идомаи сӯҳбат ҷаноби Салимзода афзуд, ки аз аввали соли ҷорӣ дар пайи рух додани офатҳои табиӣ, назири тармафароиву селобҳо ва ярч дар минтақаҳои шимолу ҷануби Тоҷикистон 12 сокини кишвар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла, 5 нафар дар пайи сангрезӣ, 2 нафар аз раъду барқ ва 4 нафар дар селобҳо кушта шудаанд. Ҳамзамон дар пайи ин ҳодисаҳо 1485 манзили истиқоматӣ тахриб ва ҳудуди 4 ҳазор гектар замини кишоварзиву беш аз 11 километр роҳи мошингард корношоям шудааст. Зарари умумӣ аз ҳодисаҳои табиӣ ҳудуди 30 миллион сомонӣ бароварда шудааст.

XS
SM
MD
LG