Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари севуми қатли варзишгари қазоқ Денис Тен ҳабс шуд


Маросими хайрбод бо Денис Тен
Маросими хайрбод бо Денис Тен

Дар Қазоқистон бо гумони даст доштан дар куштори варзишгари маъруф Денис Тен нафари севум ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора расонаҳо рӯзи гузашта бо истинод ба муовини додситони кулли Қазоқистон Марат Аҳмадҷонов иттилоъ доданд.

“Додгоҳ бо гумони куштори варзишгар се нафарро ба ҳабс гирифтааст. Далелҳои кофӣ ҷамъоварӣ шуда, додситонӣ қонунӣ будани онҳоро месанҷад. Севумиро барои хабар надодан дастгир карданд”, - изҳор дошт Аҳмадҷонов дар нишасти хабарӣ.

Муовини додситони кулли Қазоқистон ному насаби гумонбари севумро нагуфт. Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба куштори мазкур бар пояи ду банд – “куштори барқасдонаи гуруҳӣ” ва “ғорати гуруҳӣ” парванда боз карда шудааст.

Вале расонаҳо бо такя ба додгоҳи ноҳияи Алмолии шаҳри Алмато хабар доданд, ки Жанар Толибоева барои хабар надодан дар бораи дуздӣ ва куштори гуруҳӣ ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ба иттилои хабаргузории Informburo, сухан аз гумонбари севум дар қатли Денис Тен меравад. Ду гумонбари пешин гуноҳро ба гардан гирифта буданд.

Дар маркази шаҳри Алмато 19 июл ду фарди ношинос мехостанд, оинаи мошини Денисро рабоянд, аммо ӯ садди роҳи онҳо шуд. Дар ҳамин ҳолат афроди ношинос ба вай бо корд ҳамла карданд.

Денис Тен барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия аст. Вай 25 сол дошт.

XS
SM
MD
LG