Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: Амрико ишғоли Қримро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунад


Майк Помпео
Майк Помпео

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи гузашта пеш аз ҷаласаи кумитаи умури байналмилалии Сенат бо нашри як изҳорот гуфт, "Иёлоти Муттаҳида ҳеч гоҳ ишғоли Қримро эътироф нахоҳад кард".

"Русия бо ҳамла ба Украина дар соли 2014 ва ғасби Қрим хост асоси меъёрҳои байналмилалии кишвари демократиро вайрон кунад. Ягон кишвар бо нирӯ наметавонад марзи нирӯи дигарро тағйир диҳад", - омадааст дар изҳороти Помпео.

ИМА аз Русия даъват кард, ба ойиномаи СММ, ки таҳдиду истифодаи нирӯро зидди тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии кишваре манъ мекунад, эҳтиром гузорад ва аз ишғоли Қрим даст кашад.

Ин изҳороти Помпео пеш аз ҷаласаи Сенати ИМА нашр шуд. Аъзои Палатаи болоии Конгресси Амрико, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо, аз рафтори президент Доналд Трамп нигарон буда, аз котиби давлатӣ талаб доранд, ба суолҳои онҳо посух диҳад.

Ҷумҳурихоҳон ва демократҳо рафтори Трампро дар нишасти хабарии муштарак бо Путин дар Ҳелсинкӣ ҳамчун хиёнат ба манфиатҳои Амрико баҳо дода, Трампро ба он айбдор карданд, ки бо Путин муносибати аз ҳад зиёд мусолиҳаомез дорад.

XS
SM
MD
LG