Покистони 200 миллион нафарӣ дар як гӯшаи нооромтарини ҷаҳон порлумон ва нахуствазири нав интихоб мекунад. Дар интихобот номзадҳо аз 125 ҳизб ширкат доранд.
Чанд маъракаҳои таблиғотии интихоботи 25-уми июлро бо ҳамлаву бомбгузорӣ ба хун оғушта карданд. Дар умум 150 нафар аз ҷумла се номзад ба вакилӣ дар бомбгузориҳое, ки гурӯҳи Давлати исломӣ ва Толибон бар дӯш гирифтанд, кушта шуданд.
Ҳизби робитаи мусулмонон (ҷиноҳи Навоз Шариф) соли гузашта баъди барканории нахуствазир Навоз Шариф дар соли пеш ва баъди ба боздошти ӯ бо иттиҳоми фасодкорӣ сардаргум аст. Бародараш Шаҳбоз Шариф раҳбариро бар дӯш гирифт ва умедвор аст, нахуствазир мешавад.
"То замоне, ки Покистон аз кишварҳои пешрафтаҳои ҷаҳон нашавад, мо ором намегирем" - гуфтааст, ӯ.
Аммо ҳоло дар маркази диққат Имрон Хон, чавгонбози собиқи маъруфи Покистон аст. Ҳизби Таҳрики инсофи ӯ тарафдорони зиёд ёфт ва мумкин аст, ҳукумати эътилофиро ӯ ташкил кунад. Мухолифон мегӯянд, ӯ ба ҳалқаҳои бонуфузи низомиён наздик аст.
Чавгонбозе, ки сиёсатмадор шуд
"Мехоҳам аз тарафи мардуми Покистон бигӯям, ки кишвари мо муттаҳид аст ва мо аз артишамон ҳимоят мекунем. Артиши мо ҷанг бо терроризмро бурд ва барои мардуми Карочӣ сулҳ овард. Агар артиш намебуд, субот дар Карочӣ чӣ гуна ба даст меомад" - гуфтааст, ӯ дар як маъракаи таблиғотӣ дар Карочӣ.
Таҳлилгарон ӯро сиёсатмадори ғайримаъмулӣ мешуморанд.
"Имронхон сиёсатмадори дигаргуна аст. Дар 20 соли ахир ба ҷое расид, ки ҳизбаш ҳоло ҳукумати мунтазири расидан ба қудрат аст. Ӯ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ возеҳ гуфтааст, ки дар ҳукумати ӯ, муносибат бо низомиён бисёр беҳбуд меёбад" - мегӯяд, Мазҳар Аббос таҳлилгари сиёсӣ аз Покистон
Додгоҳи олии Покистон моҳи июли соли 2017 Навоз Шарифро дар пинҳон доштани моликият ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор донист ва аз мақомаш барканор кард. Ӯро дар ғайбаш ба 10 соли зиндон маҳкум карданд.
Навоз Шарифро аввали ҳамин моҳ баъди бозгашт ба Лоҳур ва бо вуҷуди тазоҳуроти хушунатмози тарафдоронаш дастгир карданд. Ӯ аз ҳукм шикоят бурдааст.
Нигаронӣ аз дахолати артиш ба интихобот
Кумиссиёни ҳуқуқи башари Покистон нигарон аст, ки артиш 370 ҳазор сарбозро дар марказҳои раъйдиҳӣ мустақар мекунад ва мумкин аст, онҳо ба ҷараёни раъйдиҳӣ таъсир гузоранд. Ба гуфтаи кумиссиён мақомоти амниятӣ ҳамчунин ба матбуоте, ки ҳалқаҳои бонуфузи амниятиро танқид мекунанд, фишор меоварданд ва метарсонданд.
"Покистон ба ҳукумати босубот эҳтиёҷ дорад. Покистон ба ҳукумате зарурат дорад, ки суботи сиёсӣ ва иқтисодиро таъмин кунад. Чунки дар хориҷ Покистонро кишваре мешуморанд, ки заиф аст, ниҳодҳои давлатии заиф ,мудирияти заиф, ниҳодҳои заифи ҳифзи ҳуқуқ дорад. Ифротгароӣ дар он зиёд аст. Ҳар ҳукумат ки омад, ин мушкилотро хоҳад дошт" - мегӯяд, Мазҳар Аббос.
Дар таърихи 70-солаи Покистон бори дуввум мешавад, ки ҳукумат дар интихобот дигар мешавад. Дигар ҳукуматҳоро бо табаддулоти низомӣ иваз шудаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, мумкин аст, имсол ба порлумон намояндагони аҳзоби гуногун ворид шаванд ва таъсиси ҳукумат ҳам ба осонӣ муяссар нашавад.