Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ва духтараш боздошт шуд


Чанд соат пеш аз боздошт дар фурудгоҳи Абу Даби: Навоз Шариф ва духтараш Мариам

Нахуствазири собиқ Навоз Шариф ва духтараш Мариам шоми 13 июл баъди расидан ба Покистон аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар боздошт шуданд. Ба онҳо мутаносибан 10 ва 7,5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабарнигори оҷонсии Рейтерс, ки дар ҳавопаймо аз Абу Дабӣ ба Лоҳур падару духтарро ҳамроҳӣ кардааст, гуфт, Шариф ва духтараш баробари расидан ба Покистон боздошт шуд. Телевизиони маҳаллӣ гуфт, ки онҳоро ба ҳавопаймои дигар ба Равалпиндӣ интиқол доданд.

Ман инро медонам. Медонам, ки баъди бозгашт маро ба зиндон меандозанд

Ин дар лаҳзаҳое буд, ки ҳудудан 10 ҳазор нафар тарафдорони Шариф дар фурудгоҳи Лоҳур ба пешвозашон баромаданд. Навоз Шариф гуфт, ки бо ҳадафи дастгирии ҳизбаш дар интихобот ба Покистон бармегардад. Хабарнигори бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар фурудгоҳ садҳо ходими полис ва амниятӣ қарор доштанд.

Ҳафтаи гузашта додгоҳе дар Покистон Навоз Шариф ва Мариамро ба фасод айбдор ва дар ғайбашон ба 10 ва 7,5 соли зиндон маҳкум кард.

"Давлати исломӣ" масъулияти хушунатҳои Покистонро ба ӯҳда гирифт

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 13 июл як рӯзи пурхушунат дар Покистон буд. Дар паи ду таркиш дасти кам 89 нафар, аз ҷумла як номзади интихоботи парлумонӣ Сироҷ Раисонӣ кушта ва беш аз 180 нафар маҷруҳ шуд. Ин ҳодисаҳо дар рӯзе рух дод, ки мақомоти Покистон ба пешвоз ва ҳабси Навоз Шариф омода мешуданд.

Вазири умури дохилӣ ҳам тасдиқ кард, ки Раисонӣ - ҳизби Авоми Покистон кушта шудааст. Дар ҳамлаи аз ин пеш, вазири кор Акрамхон Дурронӣ ҷон ба саломат бурд. Дурронӣ дар интихобот ба намояндагӣ аз эътилофи мазҳабии “Муттаҳида маҷлиси амал” иштирок мекунад.

Масъулияти пурқурбонитарин ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт.

"Медонам, ки ба зиндон мебаранд"

Навоз Шариф ҳангоми нишастан ба ҳавопаймои Абу Дабӣ-Лоҳур. 13 июл
Навоз Шариф ҳангоми нишастан ба ҳавопаймои Абу Дабӣ-Лоҳур. 13 июл

Додгоҳе, ки 6 июл Навоз Шарифро дар ғайбаш ба 10 соли зиндон маҳкум кард, гуфт, ки Шариф даст ба фасодкорӣ зад ва дар Лондон манзилҳои гаронбаҳо харидорӣ кард. Ҳукм дар остонаи интихобот ба ҳизби Лигаи Мусалмонони Покистони таҳти раҳбарии Навоз Шариф як зарбаи сахте ворид кард.

Худи Навоз Шариф гуфт, ки ӯ ҳадафи низомиёни кишвар қарор гирифт. “Ман инро медонам. Медонам, ки баъди бозгашт маро ба зиндон меандозанд”, гуфт Навоз Шариф дар як сабти видеои, ки рӯзи ҷумъа аз ҷониби ҳизбаш пахш шуд.

Дар ин навор ӯ мегӯяд: “Ба мардуми Покистон мехоҳам бигӯям, ки ин корро барои шумо мекунам. Бо ман биёед, дастони худро боло кунад ва сарнавишти кишварро тағйир диҳед”.

Ҷонибдорони Навоз Шариф ба фурудгоҳи Лоҳур барои пешвозаш баромадаанд
Ҷонибдорони Навоз Шариф ба фурудгоҳи Лоҳур барои пешвозаш баромадаанд

Рӯзи ҷумъа Шаҳбоз Шариф, раиси феълии ҳизби Лигаи Мусалмонони Покистон ва бародари навоз Шариф гуфт, ки садҳо ҷонибдори ҳизб боздошт шуданд, вале ӯ ваъда дод, ки муборизаи худро идома медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG